Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданБаҳраҳо аз давлати умри ҷавон,
Аз навозишҳои хандони модарон;
Баҳраҳо аз рӯзгори пурумед,
Аз шукуфтанҳои иқболи сафед.
Дар диёри аъзами пуршони ман,
Эй, чӣ хушбахтанд фарзандони ман!
Мешавад ояндаи онҳо аён
Пеши чашми ман чу дунёи калон.
Бахти ту дар ин диёри бепаноҳ,
Худ сиёҳ буд, боз бадтар шуд сиёҳ.
Дар хиёбон улфати ғам мешавӣ,
Пеши пои нокасон хам мешавӣ.
Мекунӣ бо рангу бори хеш пок
Мӯзаҳои бахтдуздонро зи хок.
Аннаеро чун худой медиҳанд,
Назр гӯё бар гадое медиҳанд.
Хонадонеро ту бо ин аннаҳо
Менамой «сер» гӯё доимо.
1 Анна — пули майдаи Ҳиндустон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё