Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Кард Да Гама ба рӯи баҳрҳо
Чун хубоби хонабардӯше шино.
Лордҳои англисӣ дер боз
Рафтуо доранд монандӣ «миҷоз».
Хуб медонам, ки сӯи ин диёр
Н-омадӣ монанди қавми судхор.
Н-омадӣ, то ки ҷаҳонгирӣ кунӣ,
Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ!
Н-омадӣ то хуни ҳиндуро хӯрӣ,
Бахти бад орӣ у нафъи сад барӣ,
Омадӣ ёбӣ ту нони хешро,
Зинда дорӣ хурд ҷони хешро,
Гушнагӣ партофтат бехайру хуш
Дар паси кӯҳи баланди Ҳиндукуш.
Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Баччагон бояд ки дар ин синну сол
Баҳраҳо гиранд аз фазлу камол;
1 Васка Да Гама – сайёҳи португалӣ, соли 1497 роҳи баҳрҳои атрофи Африкаро бо Ҳиндустон кушодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё