Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ТИРУКАМОН РӮИ БОМ

Тирукамон рӯи бом,
Рӯи бомаки бобом,
Боми бобом зери ҷар,
Зери ҷари оҳупар,
Рӯи ҷар роҳи гузар,
Роҳе то боми камар.

Тирукамони ранга,
Оташе беаланга,
Ранга боми бобоям,
Бар бом мебароям,
Рӯи Чаман ранга аст,
Ду рӯи ман ранга аст.

Тирукамон пул барин,
Як саракаш дар замин,
Як саракаш дар ҳаво
Биё, Чаман, бинеҳ по,
Ҳарду тамошо равем,
Сӯи фалакҳо равем.

ЧИЛЧАШМА

Чил чашмаи бегубор,
Чил чанори соябор.
Чил чашма сар мезанад
Аз домани чил чанор.

пешина
аз 184
навбатӣ