Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Чил чашмаи хурӯшон,
Чил ҷӯи ширинзабон,
Метападу метапад,
Ранги чил раги ҷӯшон.

Чил чашмаи беназир,
Акси чил осмон аст,
Об нею ҷӯи шир.
Аз чил чашма равон аст.

Чил чашмаи булӯрӣ
Мисли чил садда марҷон,
Дар рӯи синаи кӯҳ
Дона-дона овезон.

Чил чашма оби равон,
Чил кокули парешон,
Монанди обшорон
Бар дӯши кӯҳсорон.

Чил чашма пур-пури гул,
Кӣ майли чидан дорад?
Чил чашма пури моҳӣ
Кӣ майли дидан дорад?

Оби рӯи себарга,
Себарга рӯ-рӯи об.
Дар ду бари Чилчашма
Себарга меравад хоб.

пешина
аз 184
навбатӣ