Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Модарам нон мебандад,
Дилакам мекушояд.
Чашми саҳар механдад,
Дилакам мекушояд.

МАНУ МАҲТОБ

Маҳтоб дар сари кӯҳ,
Маҳтоб дар оби ҷӯ,
Бо маҳтоби оби ҷӯ
Ман даст шустаму рӯ.

Додарам дасту рӯ шуст,
Бо маҳтоби оби ҷӯ,
Хоҳарам дасту рӯ шуст,
Бо маҳтоби оби ҷӯ.

Сӯи ман аз тори кӯҳ,
Аз миёни оби ҷӯ,
Хандон-хандон нигаҳ кард
Ду маҳтоби хандонрӯ.

Баъд аз он то пагоҳӣ
Рафтем мо ҳама хоб:
Ман дар кату ду маҳтоб
Рӯи кӯҳу байни об.

пешина
аз 184
навбатӣ