Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
карда хобиданӣ буд, дид, ки дар як азоби алим мондааст. Шикамаш аз шоҳзанию пойкӯбии бузголаҳо чунон дард мекард, ки гоҳе беҳуш мешуд. Гоҳ мехобид, гоҳ мехест, гоҳ ғалтанак мезад, вале ором намеёфт. Гург чунон азобе мекашид, ки аз фурӯ бурдани бузичаҳо пушаймон шуда буд.
IV
Хуш, ки бошад, Гург ба ҳоли зораш монему аз Бузаки ҷиннӣ-миннӣ гап занем. Бузак он рӯз ҳам монандӣ ҳаррӯза алаф медаравид, дар пистонаш шир ҷамъ мекард, вале имрӯз дилаш ким-чӣ хел беқарору хотираш мушавваш буд. Аз ҳамин сабаб рӯзро ним карду дигар маҳтал шуда натавониста, ба хонааш баргашт. Ба хонааш биёяд, – ҳеҷ кас нест. Дар кушода, обу ҳезум тайёр. Лекин аз Ҳалулаку Булулак дарак нест. Номашонро гирифта фарёд кунад ҳам, ҷавоб намедиҳанд. Берун баромада ҷеғ занад ҳам, овозашон намеояд. Бузак ба кофтукови Ҳалулаку Булулакаш баромадааст.
V
Ҷони ман, ки бошед, Бузаки ҷиннӣ-миннӣ ҷангалҳоро пай карда, саҳроҳоро тай карда, аз дарёи Уммон гузашта, ба хонаи Шағол омада, ба болои боми ӯ баромадаасту бо чор сумаш боми ӯро кӯфтан гирифтааст.
Шағоли ҳайрону ҳаросон бо тарсу ларз пурсидааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё