Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

III

Оҳ, барои Бузаки ҷиннӣ-миннӣ акнун, ҳангоме ки Ҳалулаку Булулаки ӯ боақлаку қобилаку дастёрак шуда буданд, олам гулистон мешуд, агар онҳо як душмани ғаддор намедоштанд. Душмани онҳо Гург буд, як Гурги сақалтуи бекорҳӯҷаи тайёрхӯр, ки ба ғайр аз дуздию ғоратгарӣ коре аз дасташ намеомад. Чанд рӯз буд, ки ана ҳамин Гурги лаънатӣ дар гирди хонаи Бузаки ҷиннӣ-миннӣ карбос метанид ва пайт мепоист, ки Ҳалулаку Булулаки ӯро тоқа ёбаду хӯрад. Оқибат ҳамон рӯз расид. Вақте ки Бузак бо хотири ҷамъу дили беғам ба корубораш рафт, Ҳалулаку Булулак дар хона нанишаста, ба ҳавлӣ баромаданду ният карданд, ки то омадани модарашон ҳамаи кундаҳоро кафонда, оловӣ тайёр карда монанд. Онҳо бе хавфу хавотир, бепарво, бо шодию хурсандӣ, ҳатто ашула хонда ҳезум мешикастанд, ки ҳамин вақт Гург аз сари девор ҷаҳида гузашта, ба онҳо дарафтод, дастгирашон кард ва азбаски як ҳафта боз гурусна буд, ҳардуяшро нахоида фурӯ бурд. Фурӯ бурд ва боз аз сари девор ҷаҳида ба хонаи вайронааш рафт, ки қаҷпаҳлу занаду серупур ва орому саранҷом хоб кунад. Лекин Ҳалулаку Булулак, ки онҳоро Гурги саросема ва баднафс нахоида фурӯ бурда буд, дар шиками ӯ сиҳату саломат буданд. Бо шоҳчаҳояшон шиками ӯро мехарошиданд, бо сумчаҳои тезу сахташон ӯро лагадкорӣ мекарданд. Мехостанд, ки шиками ӯро даронида берун бароянд. Гурге, ки бо шиками сер ва орому осуда кайф

пешина
аз 184
навбатӣ