Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

АФАНДӢ

Аз корҳои Афандӣ
Ҳайрон шуда механдӣ:
Як лунда собунро ӯ
Ҳалво гуфта газидаст,
Аз дарди шикам ҳар сӯ
— Вой-вой гуфта давидаст.

Тӯқии напа-навро
Заврақча гумон кардаст,
Онро ба оби дарё
Оҳиста равон кардаст.

Асои дояашро
Аспак гуфта давондаст,
Тӯби ҳамсояашро
Тарбуз гуфта кафондаст.

Аз корҳои Афандӣ
Ҳайрон шуда механдӣ.

пешина
аз 184
навбатӣ