Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаҳои РСС Тоҷикистону Белорусия мукофотонида шудааст.

Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

3 декабри соли 2010 оламро падруд гуфт.

ШУМОРО ДӮСТ МЕДОРАМ

Ба ёронам ҷафо кардам,
Ба ҳар кас моҷаро кардам.

Чӣ кори нораво кардам?
Хато кардам! Хато кардам!

Ман акнун бо кӣ мебозам?
Дигар сӯи кӣ метозам?

Намеояд касе пешам,
Ба танг омад дили решам.

Надорад ҳеҷ кас парво,
Ба хона мондаам танҳо.

Зи кори худ пушаймонам,
Биёед, эй рафиқонам!

Ба дидори шумо зорам.
Шуморо дӯст медорам!

пешина
аз 184
навбатӣ