Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Заргушак тарсиду гурехт ва аз ҳавлиашон боз дуртар рафт.

Вақте мегурехт, Заргушак дар зери буттае як тӯби хушрӯ дид.

Саросема ҳам шуду тӯбро ба даст гирифт...

Оҳ! Вай тӯб не, Хорпуштак будааст! Хорпуштак бо хораш кафи дастони Заргушакро озурда кард.

Заргушак ба рӯи санг нишасту нолаи гиряро сард дод. Хӯб гиря кард Заргушак. Вай ба атроф нигариста фаҳмид, ки роҳгум задааст.

Боз баландтар гиря кард.

Гиря кард-гиря карду дар рӯи ҳамон санг хобаш бурд.
Чӣ қадар хобаш бурд, Заргӯшак ёд надорад. Вай аз овози бобояш бедор шуд. Бобояш ба Сангпуште раҳмат гуфта, миннатдорӣ мекард.

– Хайрият, ки набераамро ёфта оварӣ! – мегуфт вай.

– Мо хавотир шуда хеле ҷустуҷӯ кардем! Раҳмат ба ту, Сангпушти меҳрубон!

Бале Заргӯшак ба рӯйи санг не, ба рӯйи Сангпушт баромада нишаста, гиря карда, хобаш бурда будааст.

Ҳамин тавр, саёҳати Заргӯшак бо хушӣ анҷом ёфт!

пешина
аз 184