Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

АдабиётКӯдакон
Аз аввал хондан

САЁҲАТИ ЗАРГӮШАК

Буд набуд, як заргӯшак буд. Як пагоҳӣ модараш ба вай гуфт:
– Ту акнун калонакак шудӣ! Баро дар пеши хонаамон бозӣ бикун!

Вақте ки Заргӯшак аз дар мебаромад, бобояш ӯро огоҳ кард:
– Мабодо дур равию раҳгум занӣ!
– Не, дур намеравам! — ваъда дод Заргӯшак.

Заргӯшак дар саҳни ҳавлиашон давутозу ҷастухед мекард, ки як гулаки хушрӯйро дид.
– Ин чӣ бошад? — гуфту пештар рафт. Баъд биничаашро наздиктар бурда бӯй кашид. Ногоҳ гулак бол афшонду ба фазо парид.

Вай Шаҳпарак будаст! Заргӯшак аз паси Шаҳпарак давид. Онҳо бозикунон аз ҳавлӣ хеле дур рафтанд. Шаҳпарак баланд парида, аз назари Заргӯшак ғайб зад.

Заргӯшак лаҳзае ҳайрон монд. Баъд ба пеши пойҳояш нигарист. Дид, ки як арғамчини рангобаранг хобидааст. Хам шуда арғамчинро гирифтан хост.

Аммо нохост арғамчин ҷунбиду сарашро ба тарафи Заргӯшак гардонда даҳонашро калон кушод. Вай арғамчин не, Мор будааст!

пешина
аз 184
навбатӣ