Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
АдабиётКӯдакон
Аз аввал хонданШАМОЛ
Бо момою бобоям,
Бо очаю додоям
Ба сайри лола рафтем,
Ба дашту ёла рафтем.
Ногаҳон шамол омад,
Уллоси шағол омад.
Шамолак шӯхиҳо кард,
Боло шуд ғубору гард.
Афтид айнаки бобом,
Парид рангаки момом.
Аммо ман натарсидам,
Тарсида наларзидам.
Бо чӯби калон дарҳол
Рафтам аз паси шамол.
Гуфтам: – Шамоли беор,
Беодобӣ ту бисёр.
Медавам аз қафоят,
Медиҳам ман ҷазоят!
Абр аз кори ман хандид,
Рафторамро писандид.
Аз хандаҳои бисёр,
Охир шуд ӯ бемадор,
Ногаҳ оби чашмаш рехт,
Шамол тар шуду гурехт!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё