Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ХОБИ АСОҶОН ГУРЕХТ

Аз куҷо шарфаи по,
Аз куҷо доду мағал?
Кӣ дар кӯча медавад
Кафшҳояш дар бағал?

Кӣ метозад?
Хоб аст ин!
Хоби Асоҷони мо
Имшаб гурехтаст он,
Асоро дода «ҷазо».

Асоҷон гиря дорад:
— Оҷаҷонам, куҷоед?
Зуд наздам биёед,
Хоби маро биҷӯед!

Ҳама дар хона бедор,
Ҳама дар хона ҳайрон.
Хоби Асо куҷо рафт?
Охир, дар кӯча борон...

Асои мо гирифтаст,
Дар мактаб баҳои «ду»,
Гурехт аз ин сабаб
Хобаш ранҷида аз ӯ.

пешина
аз 184
навбатӣ