Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданОВОЗИ НАЙ
Ҳамдам — тағои найнавоз
Найро ба каф бигирифт боз,
Деҳро гирифт овози най,
Овози афсунсози най.
Саҳро пур аз овоз шуд,
Гунҷишк дар парвоз шуд.
Сармо гурехт аз деҳи мо,
Омад баҳори дилрабо.
Гуфтам: — Тағои найнавоз,
Хоҳам ба ту умри дароз,
Моро баҳор овардай,
Савти ҳазор овардай!
ОЧАИ ХУШРӮИ МАН
Оҷаи хушрӯи ман,
Оҷаи хушмӯи ман.
Дасту рӯят мешӯям,
Баъд аллаат мегӯям.
Аммо ту доимо хап,
Намегӯӣ ягон гап.
Боре нагӯӣ «оҷа»,
Охир, ту чи хел бача?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё