Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

– Хубон мепазем? – Оқибат овоз баровард Гулноз.
– Ҳа, – гуфт модар ва нимтабассуме кард.
Лабҳои мисли ғунчаи гул базеби Гулноз низ ба табассум моил шуданд, ки ин аломати сулҳҷӯй буд. Ӯ картошкаро низ реза карда ба модар нигарист, ки боз чӣ кор мефармояд. Модар тағорачаи картошкаи резашударо дида гуфт:
– Акнун аз боғча додаракатро рафта биёр.
Вақте ки Гулноз ҳамроҳи додаракаш аз дар медаромаданд, ба димогаш бӯи хуши таоми писандидааш расида, дари иштиҳояшро боз кард. Падар низ ин бегоҳ бедаранг аз кор баргашт. Модар дар ду табақ кашид. Гулноз тааҷҷубомез пурсид:
– Аз як табақ сер намешавем?
– Табақи дигарро ба хонаи дугонаат мебарам.
Гулноз ҷавобан мехост бигӯяд:
– Лофзании дугонаамро бовар кардеду барои гуфтаҳои дурӯғаш мукофот мебаред?
Аммо ҳарфе назад. Модар худ ташрифи ногаҳониашро шарҳ дод:
– Баъди рафтани ту дугонаат омада ба хонаашон хабар кард. Аз деҳа холаш омадаанд.
Ӯ як табақро ба дасти Гулноз дода дигарашро даруни деги манту гузошт, то ҳангоми рафтан таом хунук нашавад.
Вақте ки модари Манижа таоми овардаи модари Гулнозро рӯи дастархон мегузошт, чунин гуфт:
– Дугонаҷон, шумо зани – занон – дия. Аз кор омада дар фурсати кӯтоҳ чунин таомро даррав пухтаед, ба ғайрататон қоил!

пешина
аз 184
навбатӣ