Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар ин ҳолат аз методҳои сотсиологӣ: саволнома, ҳисоби математикӣ баҳраманд шудан мумкин аст. Дар методи саволнома хусусияти омӯхташаванда бояд инъикос ёбад ва саволҳо дақиқу фаҳмо бошанд. Ба саволҳо ҳар фард фикри шахсии худро зикр мекунад. Муҳаққиқ дар як муддати кӯтоҳ ҷавобҳои саволномаро таҳриру тафтиш намуда, хулосаи зарурӣ мебарорад ва сипас аз паи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мешавад.
Солҳои охир аз методи тадқиқоти ҳисоби математикӣ фаровон истифода мебаранд. Аз ин метод барои далелҳои дақиқу боэътимод истифода мекунанд. Ба тариқи мисол: 25 нафар хонандагони синфи чорум супоришҳои хонагии математикаро 12 фоиз иҷро накардаанд. Муҳаққиқ аз ин маълумот сабаб меҷӯяд: барояшон барномаи таълимӣ душворӣ кардааст, сифати таълимии математика паст аст ва ғайра.
ОМӮХТАН ВА ҶАМЪБАСТ КАРДАНИ ТАҶРИБАҲОИ ПЕШҚАДАМИ ПЕДАГОГӢ
Таҳти ин тадқиқот омӯхтан, ҷамъбаст кардан ва дастраси умум гардондани таҷрибаҳои назарӣ ва амалии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони пешқадам сухан меравад. Тақлиду пайравӣ кардан ба фаъолияти муфиди пешқадамон гарави пешравии ин ё он соҳа аст, зеро табиист, ки шахс на фақат маҳдуди чизи тақлид мегардад, инчунин онро дар шароити имконияти худ такмил ҳам медиҳад.
Ҳеҷ кас фаъолият ва маҳорати педагогии омӯзгорро рад намекунад. Аммо агар ӯ дар фаъолияташ:
– танҳо ба таҷрибаи худ такя намояд;
– таҷрибаи пешқадамро аз умуман таҷриба фарқ накунад;
– таҷрибаи пешқадами педагогиро наомӯзад, аз он ибрат нагирад;
– нисбат ба ин гуна таҷриба бетафовут бошад, комёб шуданаш амри муҳол аст. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки «Ман дар ин таҷрибаҳо чизи муҳимеро намебинам». Аввал ин ки инсони боақлу ҳуш аз ҳама чӣ, ки мебинаду мехонаду мушоҳида мекунад, як чизе барои худ мегирад.
Як силсила методҳои илмию таҳқиқотӣ ба омӯхтан вобастаанд: омӯхтану таҳлил намудани ақидаҳои дидактикии ниёгону педагогҳои кишварҳои гуногун, омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабу корҳои хаттию эҷодии хонандаҳо, омӯхтани таҷрибаи пешқадами мактабу омӯзгорони алоҳида, ки дар ғанӣ гардидани илми дидактика хеле муҳиманд, махсусан омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам аз аҳамият холӣ нест. Вале ду паҳлӯи масъаларо ҳатман ба назар бояд гирифт. Якум, на ҳар гуна таҷриба, ки пешқадам ба қалам медиҳанду овоза мекунанд, пешқадам аст. Таҷрибаи пешқадам ҳомонест, ки ба мустақилият ва донишандӯзии хонандаҳо минбаъд таъсир мерасонад, яъне хонандаҳо бе омӯзгору бе дарс ҳам худашон минбаъд ба худомӯзӣ ва гирифтани донишу ҳосил намудани маҳорату малака машғул мешаванд. Ин аст яке аз махсусиятҳои таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ки мавзуи омӯхтани муҳаққиқ қарор мегирад. Дуюм, таҷрибаро омӯхта онро айнан қабул ва паҳн намекунанд, балки фикри асосӣ, донаи бороварро қабул намуда, онро дар шароит ва имкониятҳои дигар инкишоф медиҳанд. Муҳаққиқ ҳам ба ҳамин ҷиҳати масъала эътибор медиҳад.
Таҷрибаи пешқадамро бо кадом роҳҳо меомӯзанд?

  1. Бо роҳи дидан, яъне мушоҳида кардан; 2) Бо роҳи шунидан; 3) Аз ҳама муҳим бо роҳи хондан.
    Барои омӯзгори заҳматкаш ҳамаи роҳҳо наздик ва дастрасанд. Махсусан, домони роҳи хондан ва худомӯзиро маҳкамтар доштан лозим. Таҷрибаи пешқадам на танҳо дар гирду атрофи мо, инчунин дар дуртар-мактабҳои мамлакатҳои наздику дур нуҳуфтааст, ки рафтану мушоҳида кардан на бар ҳар кас муяссар мегардад. дар ин маврид рӯзномаю маҷаллаҳои зиёди педагогӣ, маҷмуаҳо, рисолаҳо, китобҳои илмию методӣ, ахборот, интернет, маълумотномаҳо ба омӯзгорон имкониятҳои зиёд фароҳам меоранд, ки аз таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимию омӯзгорони мамлакатҳои хориҷ бархурдор гарданд.
пешина
аз 142
навбатӣ