МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Сифатҳои инсонӣ. Омӯзгор бояд дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ бошад, зеро ҷомеа ба омӯзгор бовар карда насли наврасро ба ӯ месупорад ва худи ӯ ҳам наздаш вазифа мегузорад, ки дар хонандагон сифатҳои арзишманди инсониро тарбия намояд. Вазифаи муқаддас ва шарафнок! Вале барои ин худи омӯзгорро лозим аст, ки ин сифатҳоро доро, инсони рушду камолёфта бошад. Ӯ пеш аз ҳама, инсоне, ки барояш ғановати маънавӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, рафтори шоиста, хулқу одоб, ҳаққу ҳақнигорӣ, шарафу шарафнокӣ, некию некбинӣ, ҳимматбаландӣ, хоксорию фурӯтанӣ, покию покизагӣ, ростию парҳезкорӣ, шарму ҳаё, эътиқод, дӯстию рафоқат, ҳурмати худу дигарон, дӯст доштани зиндагӣ арзише доранд. Ӯ инсони озоду мустақил тавассути инкишофи қобилияти инфиродии хеш тамоми умр ҳамчун шахс ташаккул меёбад ва хусусияти ташаккулёбиро дар замири шогирдон тарбия менамояд.
ОМӮЗГОР ША ХСИЯТИ ФАЪОЛ ВА ЭҶОДКОР
Омӯзгор шахсияти ҳамеша фаъол ва эҷодкор аст. Фақат омӯзгор метавонад дастпарварони худро руҳбаланд намуда, дар қалби онҳо ин ё он корро ангезиш диҳад. Коллективи хонандагон тарбиятгарро водор мекунанд, ки ихтироъкор, зираку ҳассос, суботкор, ҳамеша тайёр будан ба ҳалли вазъиятҳои гуногуни педагогию психологӣ ва мустақил бошад. Зеро омӯзгор барои шогирдон ҳамеша — намунаи тақлидкунӣ мебошад. Сифати омӯзгори варзида таъмин кардани худидоракунии раванди таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Омӯзгор бо эътиқоду ихлос ба арзишҳои олии башарӣ, чун донишу ҳикмат, ақлу хирад барои такомули маънавии насли наврас ва бунёди ҷомеаи тамаддунсоз нақши назаррас мегузорад.
Шахсияте, ки раванди таълиму тарбияро дар мактаб ташкил менамояд ва ба роҳ мемонад — ин омӯзгор мебошад.
Омӯзгор — инсони омодагии махсус дошта ва мутахассиси бо фаъолияти педагогӣ машғулшаванда.
Ташкилотчигӣ яке аз хислатҳои зарурии педагог мебошад. Қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ дар хонандагон ба қувваи худбоварӣ доштану аз рӯи имконияти мавҷуда амал карданро талқин мекунад. Омӯзгори ташаббускор фаъол ва серғайрат шогирдонро аз ақиби худ мебарад, ҳамроҳи онҳо пеш меравад.
Омӯзгоре, ки маданияти баланд дорад бояд дорои ҷаҳонбинии илмии васеъ низ бошад. Таърихи бой, дастовардҳои миллатро на танҳо дар таълиму тарбияи бачагон, балки дар байни оммаи халқ тарғибу талқин кунад.
Функсияи педагогӣ
Роҳҳои истифодаи донишҳо ва мукаррар намудани маҳорати касбии омӯзгор Идоракунии раванди таълим, маълумот, тарбия, инкишоф, ташаккулёбӣ Талабот нисбати омӯзгор.
Системаи сифатҳои касбӣ, ки пешравии фаъолияти педагогиро муайян менамоянд Омӯзгори пешқадам иштирокчии фаъоли ҷамъият, тарғиботчии донишҳои педагогӣ, такмилдиҳандаи маданияти халқ, эҳёи расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ ва ҳамаи он чизҳои наве, ки дар ҳаёти мо дохил шудаанд, мебошад. Махсусан омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ташаббускорӣ нишон дода меоянд, чунки таълиму тарбияи насли наврасро дар мактаб онҳо оғоз мебахшанд, дасти шаҳрвандони ояндаро рост менамоянд ва роҳи донишро ба рӯи онҳо мекушоянд. Бо фаъолияти худ омӯзгорон ба тезонидани дигаргуниҳои куллӣ дар мамлакат ва ҷорӣ гардидани муносибатҳои башардӯстона ҳисса мегузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё