Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) Моҳияти касби омӯзгориро шарҳ диҳед.
    Талабот нисбати омӯзгор ва вазифаҳои омӯзгорро нависед.
    1.4. Талабот ба фаъолияти омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Талаботҳои муҳимро нисбат ба фаъолияти омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз худ мекунанд ва ба фаъолияти педагогӣ омода мешаванд.
    • Вазифаҳои асосии омӯзгори синфҳои ибтидоиро медонанд ва барои иҷрои он омода мешаванд.
    • Сифатҳои касби омӯзгориро дар худ ташаккул медиҳанд.
    Нақша:
    • Вазифаи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ.
    • Талабот ба шахсият ва фаъолияти касбии омӯзгор.
    • Хусусиятҳои маҳорат ва муоширати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ.
    ВАЗИФАИ ОМӮЗГОРИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
    Шахсе, ки раванди таълимро дар муассисаи таълимӣ ташкил ва ба амал мебарорад, омӯзгор мебошад. Метавон гуфт, ки омӯзгор ҳамчун шахси соҳибтахассус бо фаъолияти педагогӣ машғул аст. Аксар одамон бо фаъолияти ғайрикасбии педагогӣ машғул шуда метавонанд, вале танҳо омӯзгорон медонанд, ки дар куҷо, чӣ тавр рафтор кунанд, мувофиқи қонуниятҳои педагогӣ амал кунанд ва барои босифат иҷро намудани вазифаи худ масъулу ҷавобгаранд. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ омӯзгори махсус аст. Вай миёнарав байни бачагон ва олами калонсолон аст, ки асрори ташаккули руҳияи бачаро ба таври комил медонад, ба бача дониш мебахшад, ба ӯ шахс буданро меомӯзонад. Меҳнати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бемисл аст, ки онро бо ягон дигар намуди меҳнат баробар кардан мумкин нест, зеро натиҷаи меҳнати вай — инсон аст. Шахсе, ки дар назди мизи омӯзгорӣ меистад, ба тақдири ҳар як шогирд ва насли наврас ҷавобгар аст. Натиҷаи меҳнати имрӯзаи омӯзгорон чӣ гуна аст — фардо ҷамъияти мо чунин мешавад. Аз замонҳои қадим дар таърих як қонуният ошкор гардидааст: он давлатҳое, ки пеш мерафтанд, дар он ҷо мактабу омӯзгорони беҳтарин мавҷуд буданд. Дар ҳоли паст шудани нақши омӯзгор ҳамеша сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад. Вобаста ба ин, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, махсусан, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки дар бунёди давлату миллати мутамаддин заминаи асосӣ мегузоранд, ин сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф кардан, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштан аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини ҳар як давлату миллат аст.
    Академик М. Лутфуллозода оид ба вазифаҳои омӯзгор дар назди ҷомеа чунин ақидаҳои арзишмандро иброз доштаанд: «Фаъолияти омӯзгор ба раванди ҷомеа ва зиндагӣ сахт алоқаманд аст. Омӯзгоре, ки фақат фанни худашро медонаду ба атроф коре надорад, сахт иштибоҳ мекунад. Мактабу маориф ҷузъи таркибии ҷомеаанд. Зиндагӣ ва ҷомеа дар назди мактаб дархости худро мегузарад. Дар шароите, ки ҷомеа тағйир меёбад ва ё ин ки пеш меравад, мазмуни таҳсилот (маълумот) ва мақсаду мароми тарбия низ бетағйир намемонад. Дигар ин ки ҳаёт, гузашти рӯзгор худ мактаб аст. Ин мактабу дархости ҷомеаро наомӯхта, даъвои омӯзгорӣ кардан, маъно надорад.
пешина
аз 142
навбатӣ