МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
К. Д. Ушинский гуфтааст: «Педагог бояд барои фаҳмидани ҳодисаҳои руҳӣ бисёр омӯзад ва пеш аз он ки ба кори амалӣ гузорад, вай дар бораи мақсад ва воситаҳои санъати тарбия бештар фикр намояд». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки омӯзгор кори таълиму тарбияро ҳамон вақт дуруст ба роҳ монда метавонад, ки агар вай психологияи ҳар як бачаро хуб омӯзаду дониши назариявию амалиашро такмил диҳад ва мунтазам баланд бардорад.
Ҳамчунин зарур аст, ки хусусиятҳои синнусолӣ ва имконоти донишандӯзии хонандагон ба ҳисоб гирифта шавад, дар он сурат самаранокии чорабиниҳои тарбиявӣ меафзояд.
Аз ин ҷиҳат ба омӯзгор зарур аст, ки психологияи хонандагони синфашро хуб донад ва тафовутҳои фардии ҳар як хонанда ва хислатҳои фарқкунандаи ӯро хуб дарк кунад. Бинобар ин ҳар чӣ қадар омӯзгор хусусиятҳои психологӣ ва тафовутҳои фардии хонандагонро ошкор намояд, дар он сурат ӯ ҳамон қадар кори таълиму тарбияро мувофиқи мақсад ба роҳ мемонад ва инчунин чорабиниҳои таъсиррасонии тарбияро дар асоси ба назар гирифтани хусусиятҳои фардӣ-психологии тарбиягирандагон ба роҳ мемонад.
Инкишофи насли наврас на танҳо ба синну сол алоқаманданд, онҳо дар ҷараёни ба ҳамдигар таъсири фаъолона расонидан бо муҳити атроф ташаккул меёбанд. Бинобар он педагогика ва психология ҳаракатнокӣ, тағйирёбандагии хусусиятҳои синнусолии бачагон, вобастагии онҳо ба фаъолиятҳо ва муносибати байниҳамдигарии тарбиягиранда бо одамони гирду атрофро қайд мекунанд.
Хусусиятҳои синнусолӣ бо хусусиятҳои фардӣ, яъне хусусиятҳои муҳиму устувори тамоили шахсият, бо хислат, мароқ, фаъолияти фикрӣ, ки ба ин ё он шахс хос буда, ӯро аз дигарон фарқ мекунонад, алоқаи зич дорад.
Ҳамин тариқ, ба ҳисоб гирифтани хусусиятхои синну сол яке аз принсипҳои умдаи педагогӣ ба шумор меравад. Ба он такя намуда, омӯзгорон тамоми фаъолияти худро созгорона ба роҳ мемонанд.
ХУСУСИЯТҲОИ СИННУСОЛИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
Хусусиятҳои махсуси синнусолӣ хусусият ва сифатҳои устувори шахсияти хоси кӯдакони ин ва ё он давраи инкишофро инъикос меёбад. Хонандагони синфҳои 1–4 хеле тағйир меёбанд, ки он ба чоряки инкишофи табиии олами психикии бача, инкишофи ботаъсири шароити зиндагӣ ва тарбияи ӯ ба вуҷуд омада вобаста аст.
Бинобар ин, ин ё он давраи синнусолӣ чизи шахшуда, тағйирнаёбанда нест. Мо дар бораи хислатҳои махсуси синнусолӣ сухан ронда, тавсифи серҳаракатии умумиро дар назар дорем. Синну сол андозаи психикии бачагони синну солашон баробар (ҳафтсола-хонандагони синфи якум ё худ хонандагони синфи сеюм)-ро муайян карда наметавонад, ҳар як бача роҳи инкишофи инфиродии худро дорад. Ҳар як бача бо суръати инкишофи ба худ хос ҳаракат мекунад, хусусиятҳои махсуси синну соли онҳо низ якхела нестанд.
Хусусиятҳои махсуси синнусолӣ бо чӣ муайян карда мешавад? Бо якҷоякунии шароитҳои дохилии тараққиёт, яъне бо дараҷаи муайяни инкишофи ҷараёни психикӣ, хислатҳои шахсӣ (хотира, тафаккур, ҳиссиёт, диққат, ирода, мақсаду сабаб ва ғайра) ва бо шароитҳои берунии ҳаёт, мундариҷаю шаклҳои фаъолияти бачагон ва муҳити онҳо (калонсолон, ҷӯраю рафиқонашон). Аз шароитҳои берунӣ фаъолияти асосии бачагон муҳим аст, ки онҳо маҳз дар он тараққӣ мекунанд. Ин мафҳум бо фаъолият сахт алоқаманд буда, ба инкишофи характери бача таъсири бузург мерасонад. Барои бачаи синни томактабӣ-бозӣ, барои бачаи синни хурди мактабӣ-хондан кори осон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё