Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хонанда бояд ба ҳамкории таълимӣ одат кунад. Вай бояд бо рафиқонаш муомила карда тавонад, бо онҳо гуфтушунид намуда, дар мавридҳои зарурӣ кору амалҳоро байни онҳо тақсим карда, саҳми худро ба корҳои оммавӣ гузорад ва ба натиҷаи умумии фаъолият баҳо дода тавонад.
Сохтор ва услуби пешниҳоди стандарт тарзе интихоб шудааст, ки паҳлуҳои гуногуни раванди таълими фанҳои гуногуни зинаи таҳсилоти ибтидоиро фаро мегирад ва ба ин васила фаъолияти омӯзгорро дар ҷараёни банақшагирӣ ва таълиму арзёбӣ осон мегардонад.
Бо татбиқи стандартҳои нав на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълимии хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи самаранокии раванди таълим шинохта мешавад. Дар низоми нави таълим масъулиятнокии омӯзгорон барои беҳтар гаштани натиҷаҳои таълимии хонандагон ба маротиб зиёд мегардад.
Дар ҷараёни татбиқи маҷмуи стандартҳо ва барномаҳои фаннӣ омӯзгор шахси калидӣ аст. Аз ин рӯ, самаранокии татбиқи стандартҳои нав ва ҷараёнҳои ислоҳот маҳз ба дарки масъулият, ташаббусу эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи омӯзгорон вобаста аст. Масъулияти омӯзгор дар ин ҷараён хеле зиёд буда, ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
– ба роҳ мондани таълим дар асоси стандартҳои нав ва барномаи фаннӣ;
– муҳокимаи масъалаҳои умдатарини татбиқи ислоҳот бо ҳамкорон;
– муҳокимаи мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар ҳамкорӣ бо мудирияти муассисаи таълимӣ ва идораву шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия;
– таҳияи маводи иловагии таълимӣ ва истифодаи онҳо дар раванди таълим бо ҳамкорон.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) 3) Вазифаҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз чӣ иборат аст?
    Таҳсилоти ибтидоӣ аз дигар зинаҳои таҳсилот бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад?
    Стандартҳои фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1–4)-ро омӯзед ва мафҳумҳои асосии онро шарҳ диҳед.
    1.16. Барномаи фардии такмилдиҳии ихтисоси омӯзгорӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Аз адабиёти илмӣ, методӣ, сиёсӣ ва маводҳои таълимӣ самаранок истифода мебаранд.
    • Қоидаҳои ташкили корҳои илмӣ-таҳқиқотиро медонад ва онро мустақилона дар амал татбиқ мекунанд.
    • Реҷаи рӯзи донишҷӯиро тартиб медиҳанд ва онро риоя мекунанд.
    Нақша:
    • Кор бо адабиёти таълимӣ.
    • Корҳои таълимӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён.
пешина
аз 142
навбатӣ