Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

КОР БО АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ
Фаъолияти омӯзгор бо адабиёт алоқаи зичи ҷудонашаванда дорад. Соҳиби асосии адабиёт омӯзгор гӯем ҳам хато намешавад. Зеро ӯ ҳамарӯза бо он сару кор мекунад, бо баробари худ мутоила намудан, ба дигарон мутолиаи онро тавсия медиҳад, дастрас мекунад.
Қабл аз ин таъкид кардем, ки яке аз шартҳои пешравии омӯзгор ва фаъолияти педагогии ӯ омӯхтан ва донистани методҳои (усул, роҳу равишҳо) фанни таълим, тарзу воситаҳои он мебошад. Ба ин маънӣ омӯзгор дар муҳит ё доираи адабиёти зарурии зиёде қарор дорад. Ин адабиётро шартан мо ба 5 гурӯҳ ҷудо мекунем.
Гурӯҳи якум — адабиёти таълимӣ: барномаи таълим, китоб (китобҳои) дарсӣ, маълумотномаҳо, хрестоматияҳо, маводи дидактикӣ (таълимӣ), варақаҳо, саволу пурсишномаҳо (тестҳо), компютер, харита, глобус, машқу мисолҳо ва ғайра, ки марбут бо хусусияти фанни таълимист.
Гурӯҳи дуюм — методӣ: барномаи таълим, метод (методикаи) таълими фан, раҳнамои омӯзгор, воситаҳои аёнию техникӣ, барқӣ.
Гурӯҳи сеюм — адабиёти илмию оммавӣ, таърихӣ, ки оид ба ҳамон фан офарида шудаанд.
Гурӯҳи чорум — адабиёти бадеӣ, ки намояндаи барҷастаи ин ё он фан чеҳраи адабиёти бадеӣ қарор гирифтааст (Куруши Кабир, Хусрави Парвиз, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ). Ба ин гурӯҳ метавон қаҳрамонони асарҳои бадеиро шомил сохт, ки дар асоси образҳои онхо филмҳо, асарҳои санъати бадеӣ ва саҳнавӣ… офарида шудаанд.
Гурӯҳи панҷум — адабиёти сиёсӣ, методологӣ, раҳнамоӣ: Конститутсия, гузориш ва асарҳои сарвари давлат, қонунҳо, консепсияҳо, низомномаҳо, амру дастурҳо, ҳар гуна навгониҳо ва ғайра, ки дар матбуоти педагогӣ чоп мешаванд.
Масъули омӯхтан ва донистани ин гурӯҳҳои адабиёт, пеш аз ҳама, худи омӯзгор аст. Шахсони масъули дигар, ки дар дафтарҳои (кабинетҳои) методии идораи (шуъбаи) маориф, иттиҳодияҳои методӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос адои вазифа менамоянд, уҳдадоранд, ки доир ба гурӯҳҳои адабиёт намоишҳо ташкил карда, омӯзгоронро аз вазъи навгониҳо огоҳ бисозанд.
Тартиботи (реҷаи) рӯзи меҳнат ва истироҳат. Қобилиятҳои корӣ ва шартҳои нигаҳдории он. Таҳсил дар донишгоҳ меҳнати зиёду саъю кӯшиши ҳар як донишҷӯро мехонандад. Бинобарин, кори самараноки донишҷӯ на танҳо ба ташкили ҷараёни таълим, балки ба қатъӣ риоя намудани реҷаи меҳнату истироҳат низ вобастагӣ дорад. Тадқиқотҳо шаҳодат медиҳанд, ки қобилияти корӣ низ ба риояи тартиби рӯз алоқаманд аст.
Рӯзи кории донишҷӯ 8–10 соатро ташкил медиҳад (яъне 6 соати дарсӣ ва 2, 5–3 соати кори мустақилонаи беруназаудиторӣ). Бо ин мақсад тартиби рӯзро мувофиқи мақсад истифода бурдани донишҷӯ ба аҳамияти калон молик аст. Муҳлати аз хоб бархестан ва вақти машғулиятҳоро муқаррар кардан барои кори мустақилона, истироҳати маданӣ, истеъмоли хӯрок ва хоб вақт ҷудо кардан зарур аст.
Олимон М. В. Антропова А. Г., Хрипкова К., Киямов Н., реҷаи (тартиби) тахминии рӯзи кории донишҷӯёнро таври зерин пешниҳод намудаанд: Вақти аз хоб бархестан ва гимнастикаи пагоҳӣ — 06:00–07:00, ба машғулият рафтан — 07:30–08:00, машғулияти дарсӣ — 08:00–13:00, истеъмоли хӯроки нисфирӯзӣ, сайр дар ҳавои тоза — 13:00–15:00, кори мустақилона — 19:00, хӯроки шом — 19:00–19:30, истироҳати маданӣ, такрори маводҳои таълимӣ — 19:30–22:00, сайру гашт дар ҳавои кушод — 22:00–23:00, вақти хоб — 23:00–06:00.
Барои ноил шудан ба қобилияти баланди корӣ дар фаъолият, намудҳои машғулиятро бо навбат давом дода пас аз ҳар соати машғулият 10–15 дақиқа танаффус ё истироҳати кӯтоҳмуддат зарур аст. Барои хуб нигоҳ доштани қобилияти корӣ ҳавои хонаро тез-тез нав карда истодан, сайру гашт карда бо варзиш машғул шудан судбахш аст. Ба назар гирифтан лозим аст, ки дараҷаи фаъолияти амалиётҳои фикрӣ, қобилияти корй дар давоми рӯз як хел набуда, тағйир меёбад. Қисми аввали рӯз (аз соати 8 то соати 15) хеле самарнок мегузарад, дар айни ҳол, қобилияти баландтарини корӣ аз соати 10 то 13 зуҳур меёбад, пас аз он, аз соати 16 то 19 ва шабонагоҳ аз соати 20 то соати 24 дараҷаи диққат, қувваи ҳофиза, хотира суст шудан мегирад.
Комёбиҳои донишҷӯ на фақат ба самаранок ташкил намудани ҷараёни таҳсил, риоя намудани реҷаи меҳнату истироҳат, инчунин ба дуруст риоя намудани тартиби хӯрокхӯрӣ алоқаманд.

пешина
аз 142
навбатӣ