МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ мазмун ва ташкили ҷараёни таълиму тарбия мувофиқи меъёр ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар реҷаи 5‑рӯзаи ҳафтаи таълимӣ муқаррар карда мешавад. Хонандагоне, ки таълимро дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ анҷом додаанд, новобаста аз натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, ба зинаи дуюми таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд.
ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲАҶМИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ ҲАТМӢ ВА НИҲОӢ, ЗИНАИ АВВАЛИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИ ХОНАНДАГОН
Дар доираи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ (дар як ҳафта) бо реҷаи ҳафтаи
5 рӯзаи таълимӣ мутобиқи Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) чунин аст: Ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ (дар як ҳафта): синфи 1 — то 20 соат; синфи 2 — то 23 соат; синфи 3 — то 23 соат; синфи 4 — то 25 соат. Ҳаҷми сарбории таълимии ниҳоӣ (дар як ҳафта): синфи 1 — 21 соат; синфи 2 — 24 соат; синфи 3 — 24 соат; синфи 4 — 26 соат. Мувофиқи талаботи тасдиқгардида, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ барои иҷрои вазифаи хонагӣ дар синфҳои 2 — то 3 соат, 3 — то 3,5 соат ва дар синфҳои 4 — то 3,5 соат пешбинӣ шудааст.
Талаботи умумӣ ба дараҷаи дониши хонандагоне, ки зинаи аввали таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд: дар бораи моҳияти мафҳумҳои инсон, шаҳрванд, Ватан, ватандӯстӣ, тасаввурот ҳосил намоянд; арзишҳои фарҳангию таърихии халқи тоҷик ва суннату анъанаҳои халқҳои дигарро эҳтиром намоянд; аҳамияти иҷтимоии «субъекти ҷамъиятӣ» (хонанда, ҳамсинф, аъзои коллектив) ва ғайраро дарк намоянд; меъёрҳои ахлоқии рафторро аз худ намоянд, ба сифатҳои худ баҳо дода тавонанд, боадаб ва хушзеҳн бошанд; моҳият ва мафҳуми ибораҳои «пиндори нек», «гуфтори нек», «рафтори нек» -ро дарк намоянд; матнҳои бадеӣ ва илмию оммавиро бошуурона хонанд, маънои маводи хондашударо дуруст сарфаҳм раванд ва нақл карда тавонанд, вобаста ба матн ба саволҳо ҷавоб гардонанд, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва мукаммал дода тавонанд, қоидаҳои навиштанро риоя намоянд, ҳисобро донанд, хатти зебо дошта бошанд; доир ба муҳити илмии олам (муҳити атроф ва табиат) тасаввуроти аввалия дошта бошанд; қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тарзи ҳаёти солим ва бехатарии рафторро донанд ва иҷро кунанд.
Рушди сифатҳо ва қобилиятҳои шахсии хонандагони хурдсол ба андӯхтани таҷриба дар фаъолиятҳои гуногун: таълимӣ, маърифатӣ, амалӣ, иҷтимоӣ асос ёфтааст. Бинобар ин дар стандарт ба фаъолият, мазмуни амалии таълим, усулҳои мушаххаси фаъолият, татбиқи дониш ва малакаҳои бадастомада дар ҳолатҳои воқеии ҳаёт ҷойгоҳи махсус дода шудааст.
Афзалияти таҳсилоти умумии ибтидоӣ ташаккули малака ва малакаҳои умумии таълимӣ мебошад, ки сатҳи инкишофи онҳо муваффақияти тамоми таҳсилоти минбаъдаро бештар муайян мекунад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- 2) 3) Таҳсилоти ибтидоӣ аз дигар зинаҳои таҳсилот бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад?
Мақсад ва вазифаҳои асосии таҳсилоти ибтидоӣ аз чӣ иборат аст.
Ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба кадом талаботи умумӣ ҷавобгуй бошад? - Дараҷаи дониши хонандагоне, ки зинаи аввали таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд, ба кадом талаботҳо ҷавобгуй бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё