МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хонданСАВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Оид ба таълиму тарбияи босифат ва рушди тарбиягирандагон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» чӣ гуфта шудааст?
-
- Сохтор ва зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар шакли схема нишон диҳед.
Мақсад ва вазифаҳои зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро шарҳ диҳед.
1.14. Талаботи умумӣ ба зинаи якуми таҳсилоти миёнаи умумӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Хусусиятҳои таҳсилоти ибтидоиро муайян намуда, бо мисолҳо шарҳ медиҳанд.
• Сатҳи дониши хонандагони синфҳои ибтидоиро тибқи талаботи муқарраргардида арзёбӣ карда метавонанд.
Нақша:
• Мақсад ва вазифаҳои асосии таҳсилоти ибтидоӣ.
• Талаботи умумӣ ба ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмӣ ва ниҳоӣ, зинаи аввали таҳсилоти миёнаи умуми хонандагон.
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
Мақсади асосии таҳсилоти ибтидоӣ аз инҳо иборат аст: муайян намудани лаёқату рағбат ва рушди кӯшишҳои фардии хонандагон; тарбияи сифатҳои маънавию ахлоқӣ, муносибати нек ба муҳити атроф; таълими савод ва ҳисоб, муошират, ташаккули тарзи ҳаёти солим.
Вазифаҳои таҳсилоти ибтидоӣ мутобиқгардонии хонандагон ба муҳити атроф, ҳаёти мактабӣ, ташаккули мақоми хонанда, дарки дурусти қонунҳои табиат ва ҷамъият, фароҳам овардани шароит барои ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни фаъолият (бо таълим, меҳнат ва ғ).
Дар зинаи якуми таҳсили муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ омӯхтани фанҳои таълимии зерин ҳатмӣ мебошанд: «Забони модарӣ», «Алифбои ниёгон», «Забони русӣ», «Забони хориҷӣ», «Математика» «Табиатшиносӣ», «Санъат ва меҳнат» «Суруд ва мусиқӣ» ва «Тарбияи ҷисмонӣ». Таълими забони модарӣ (хондан, навиштан, машқи хат, инкишоф и нутқ), санъат ва меҳнат дар синфҳои ибтидоӣ ба таври ҳамгиро сурат мегирад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таълим дода мешавад. Таълими фанни «Забони русӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (таълимашон бо забони тоҷикӣ) аз синфи дуюм оғоз меёбад. Аз синфи сеюм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, франсавӣ, немисӣ ва арабӣ (аз рӯи интихоби хонанда) ҳамчун фанни таълимии ҳатмӣ омӯхта мешавад. Ҳамзамон аз синфи як бо қарори муассис аз ҳисоби соатҳои бахши мактабӣ метавонад омӯзиши яке аз забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад. Талаботе, ки ба ҳаҷм ва мазмуни таҳсилот дар сатҳи заминавӣ (такягоҳӣ) (барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ) омӯхтани фанҳои таълимӣ, ба дараҷаи омодагии хонандагон пешниҳод карда мешаванд, дар стандартҳои фанҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ дарҷ мегарданд. Машғулиятҳои факултативӣ барои равияи мусиқӣ, бадеӣ, хореографӣ ва театрӣ мувофиқи нишондоди тақсимоти соатҳои таълимии Нақшаи таълимии заминавӣ (базавӣ) ташкил карда мешаванд.
Дар зинаи якуми таҳсилоти асосӣ, машғулиятҳо дар асоси хоҳиши падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) аз рӯи майлу рағбати хонанда ташкил карда мешаванд. Бо ин мақсад дар тавзеҳоти Нақшаи таълимӣ соатҳои бахши мактабӣ пешбинӣ гардида, ҳамчунин соатҳои бахши мактабӣ барои омӯзиши бехатарии фаъолият дар синфҳои ду то чор истифода бурда мешаванд. Талаботе, ки ба ҳаҷм ва мазмуни таҳсилоти иловагӣ пешниҳод мегардад, дар барномаҳои таълимии дахлдор инъикос меёбанд.
- Сохтор ва зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар шакли схема нишон диҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё