МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Фасли 1. Ихтисоси омӯзгорӣ ва ҷанбаҳои ташаккули фаъолияти касбӣ Салоҳиятҳои фасли таълимӣ:
• Ақидаю назарияҳои педагогӣ ва иттилоотро вобаста ба ихтисоси омӯзгорӣ ҷустуҷӯ мекунанд ва таҳлил карда метавонанд.
• Моҳияти иҷтимоии фаъолияти омӯзгориро дарк мекунанд.
• Талаботҳо, вазифаҳо, сифатҳои касби омӯзгори синфҳои ибтидоиро медонад ва дар худ ташаккул медиҳанд.
• Роҳҳои ташаккул додани салоҳиятнокии касби омӯзгори синфҳои ибтидоиро медонанд ва дар худ татбиқ менамоянд.
• Вазифа ва мундариҷаи худомӯзӣ ва худтарбиякуниро арзёбӣ мекунанд.
• Бо сохтор ва намудҳои муассисаҳои таълимӣ шинос мешаванд ва заминаҳои асосии инкишофи низоми маорифро медонанд.
1.1. Тавсифи касби омӯзгорӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Самтҳои фаъолияти педагогиро муайян мекунанд.
• Хусусиятҳо ва сифатҳои касби омӯзгориро дониста мегиранд.
• Вазифа ва намудҳои фаъолияти педагогиро муайян мекунанд.
• Шаклу намудҳои машғулиятҳои таълимиро барои омодасозии касби омӯзгорӣ медонанд.
• Моҳияти касби омӯзгориро шарҳ медиҳанд.
• Вазифаҳои донишҷӯ дар муассисаи таҳсилоти касбиро аз худ намуда, иҷро мекунанд.
Нақша:
• Моҳияти иҷтимоии фаъолияти омӯзгор.
• Хусусиятҳои касби омӯзгорӣ.
• Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти касбӣ.
МОҲИЯТИ ИҶТИМОИИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОР
Агар ба маънои этимологии калимаи «педагог» назар афканем, маълум мегардад, ки дар Юнони қадим педагог ғуломеро мегуфтанд, ки дасти кӯдаки хоҷаи худро гирифта ба мактаб мебурд. Тадриҷан маъно ва мафҳуми «педагогика» васеъ гардид ва маънои «раҳнамоии кӯдак дар зиндагӣ»-ро доро гашт, яъне таълиму тарбия ва раҳнамоии дурусти инкишофи ҷисмӣ ва маънавии кӯдакро фаро гирифт.
Ташаккули педагогика ҳамчун илми мустақил бо номи педагоги чех Ян Амос Каменский (1592–1670) вобастагӣ дорад. Дар китоби пурарзиши ӯ «Дидактикаи бузург» аввалин бор усулҳои асосии ташкили раванди педагогӣ, ки то имрӯз дар мактабҳои муосири таҳсилоти ҳамагонӣ ва касбӣ истифода мешаванд, тадвин шуда буд.
Касбӣ пуршарафи педагогӣ аз қадимулайём бо эҳтиёҷоти зарурии ҷомеа арзи вуҷуд дорад, зеро он дар пешрафти ҷомеа нақши бузург мебозад.
Касби педагогӣ, ба гурӯҳи касбу пешаҳое дохил мешавад, ки мавзуи аслиаш инсон мебошад, ба ибораи дигар, мазмуни асосии онро ҳамкорӣ бо инсон ташкил менамояд.
Фаъолияти педагог
Муҳайё намудани шароит барои инкишофи шахсият.
Тайёрӣ ба иҷрои мавқеи муайяни иҷтимоӣ дар ҷомеа.
Аз калонсолон ба хурдсолон додани таҷрибаи ҷамъовардашуда, маданият ва фарҳанг.
Омӯзгор шахсест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимдиҳанда ва амалан иҷрокори раванди таълиму тарбия мебошад. Ба тариқи дигар омӯзгор муҳандиси нахустини тамоми касбҳо аст.
Вазифаи асосӣ дар фаъолияти омӯзгор ин идора кардани раванди таълим, тарбия, инкишоф ва ташаккулдиҳии насли наврас аст. Вазифаи педагогӣ на омӯхтан, балки равона кардани омӯзиш, на тарбия кардан, балки роҳбари кардан ба ҷараёнҳои тарбия мебошад. Ҳар қадаре ки омӯзгор ин вазифаҳои худро амиқ дарк кунад, ҳамон қадар бо хонандагони худ имконияти мустақилӣ, ташаббускорӣ, озодӣ дода метавонад.
Намудҳои фаъолияти педагогӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё