МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Пешгуфтор
Дар шароити муосири рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа раванди азнавсозии низоми омодагии омӯзгорони оянда муҳиммияти махсусро касб кардааст. Таҷдиди назар намудани низом, пеш аз ҳама, ба такмили мундариҷа ва шаклҳои омодагии омӯзгорони оянда ва мувофиқгардонии он ба амалияи ҷаҳонӣ, махсусан татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим равона шудааст.
Омодасозии омӯзгорони оянда на танҳо аз худ намудани маҷмуи дониш, балки ташаккули маҳорату малакаи касбӣ, истифодаи тарзу роҳҳои дар раванди таълиму тарбия истифода бурдани онҳоро талаб менамояд. Маҳз татбиқи муносибати босалоҳият яке аз роҳҳои ба даст овардани ин ҳадафҳост, ки барои омодасозии мутахассисони касбӣ муносиб буда, ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ аст.
Бо мақсади расонидани кумакҳои методӣ дар омода намудани донишҷӯён-омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2021, № 1568 гурӯҳи корӣ маводи таълимию методӣ барои ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияи омӯзгорӣ, маҷмуи маводи таълимию методӣ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, силлабус ва маводи таълимию методии фанҳои таълимии методикаи таълими забони тоҷикӣ, методикаи таълими математика ва педагогикаро таҳия намуд.
Дар ин замина, маҷмуи маводи таълимию методӣ ба монанди Силлабус, барномаи корӣ аз фанни педагогика, дастури таълимӣ-методи «Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ», «Назарияи тарбия», «Назарияи таълим» барои омӯзгорон ва донишҷӯён, роҳнамо барои омӯзгорон, таҳия карда шуд.
Озмоиши маҷмуи маводи таълимию методии мазкур тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.02.2023, № 150 дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022–2023 дар 7 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии равияи омӯзгорӣ дар ду марҳила гузаронида шуд.
Дар натиҷаи мониторинг ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои омӯзгорону донишҷӯён ва хулосаи мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ ба нусхаи ниҳоии маводи таълимию методии мавриди назар тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намуд.
Фанни педагогика барои мусаллаҳ намудани донишҷӯён бо донишҳо дар баррасии моҳият ва хусусиятҳои фаъолияти касбӣ, кӯшиши аз худ намудани донишҳои амиқи назариявӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, тарбияи шавқу ҳавас ба пешаи омӯзгорӣ равона карда шудааст. Дар ин раванд дар донишҷӯён мустақилиятнокӣ, эҷодкорӣ ва худомӯзӣ, фаъол будан, қарор қабул кардан, ба шароити тағйирпазир мутобиқ гаштан, салоҳияти аз донишҳои азхудшуда истифода кардан, ба худ боварӣ доштан ва ғайра ташаккул меёбад.
Барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан, дар дастури таълимӣ-методии мазкур машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор ва кори мустақилонаи донишҷӯ бо истифодаи методу усулҳои фаъоли таълим самаранок пешниҳод гардидаанд, ки барои такмили донишҳои фаннӣ, ташаккули малака ва салоҳиятҳои касбии донишҷӯён — омӯзгорони оянда равона шудаанд.
Бобҳои маводи таълимӣ-методӣ бо истифода аз матнҳои илмӣ, методӣ, оммавӣ, ки аз асарҳои илмиву китобҳои дарсии олимони ватаниву хориҷӣ истифода шудаанд, мураттаб гардидаанд. Шарҳу тавсифи мафҳумҳои асосӣ, ба миён овардани мубоҳиса ва фикру андешаро метавон дар лексия, корҳои амалӣ ва кори мустақилона бо донишҷӯён аз мазмуни матнҳои пешниҳодшуда ва таҷрибаи шахсии онҳо ташкил намуд. Зербобҳо бо хулоса, инчунин бо саволу супоришҳо ба анҷом расида, аз донишҷӯён фаъолияти эҷодкоронаро барои аз нав дида баромадани маводи омӯхташуда ва баёни фикру мулоҳизаҳои худ талаб мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё