МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Бобати нақши омӯзгор дар ҳамкории мактабу оила академик М. Лутфуллозода таъкид намудаанд: «Омӯзгорро лозим аст, ки психологияи хонавода ва аъзои онро омӯзад. Дар натиҷаи ин фаҳмад, ки масалан:
— падару модар чӣ гуна шахсиятанд;
— онҳо дар чӣ хел оила камол ёфтаанд;
— чӣ гуна маълумот доранд, таҳсил кардаанд ё не;
— муносибати байни онҳо чӣ гуна аст;
— дар куҷо кор мекунанд, чӣ вазифа доранд;
— муносибати онҳо ба илму дониш, мактабу маориф чӣ гуна аст;
— дар ин оила китобу ҷевони китоб, мизу курсӣ аст, ё не;
— падару модар бо ҳамдигар бо кадом забон (мову шумо, дурушт ё мулоим…) муошират мекунанд;
— тарзи орою торо, либоспӯшиашон чӣ гуна аст;
— ба танзими хонавода, иқтисодиёти оила, сарфаю сариштакорӣ чӣ гуна муносибат доранд;
— дороии оила, сарчашмаҳои даромади оила чӣ гуна аст;
— масъалаи муносибат ба хешону дӯстон, ҳамсояҳо, дастархону дастархондорӣ чӣ хел аст;
— падару модар дар оила вақти холии худро ба кадом корҳо ва машғулиятҳо сарф мекунанд;
— зиндагии иҷтимоиёна доранд; Шаклҳои ҳамкории муассисаи таълимӣ бо оила Фардӣ Гурӯҳӣ
Оммавӣ
Ташриф намудани омӯзгор ба хонаи хонанда Таклиф намудани волидон ба мактаб Дурнамо бо волидон
Ассотсиатсияи волидон — иттиҳоди худидоракунанда
Лексияҳо
Машваратҳо
Шабҳои саволу ҷавоб
Конференсияҳои педагогӣ
Семинарҳои омӯзишӣ
Маҷлисҳои падару модарон Ҷамъбасти фаъолияти педагогии волидон Намоиши корҳои хонандагон Ҳисоботи эҷодӣ
Муҳокимаи дурнамо
— Ғайр аз ин, омӯзгор мефаҳмад, ки бародарону хоҳарони калонӣ ба чӣ корҳо машғуланд (мехонанд, ё кор мекунанд…). Омӯхтан ва донистани ин ва дигар паҳлӯҳо ба омӯзгор имконият медиҳад, ки роҳи нисбатан дуруст ва мувофиқро дар таълиму тарбияи шогирд интихоб намояд».
Ҳамин тариқ, омӯзгоре, ки ба комёбӣ ноил шудан мехоҳад, фаъолона, бо омодагии касбӣ вақту қувваи худро дареғ надошта, бо оила ҳамкорӣ мекунад, то падару модарро ҳамфикр ва ёвару мададгори худ гардонад, ҳамчунин ба кори муассисаи таълимӣ кумак мерасонад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- 2) Мавқеи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ҷомеа чӣ тавр муайян карда мешавад?
Самтҳои ҳамкории омӯзгори синфҳои ибтидоиро бо оилаи хонанда дар шакли схема ифода намоед. - Маълумоти заруриро дар бораи анъанаҳои тарбияи фарзандон дар минтақаи худ ҷамъ оред. Адабиёти иловагиро оид ба педагогикаи халқӣ омӯзед. Дар ин мавзуъ иншо нависед ва атрофи он суҳбат ташкил намоед. Дар фаъолияти худ аз тарзу усулҳои педагогикаи халқӣ истифода баред, ки ба равияҳои инсондӯстӣ мувофиқ бошанд.
1.6. Таҳлили фаъолияти омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Фаъолияти омӯзгорро таҳлил ва арзёбӣ карда тавонанд.
• Сифатҳои шахсии худро ба хусусиятҳои касби омӯзгорӣ мутобиқ ташаккул медиҳанд.
• Ҷузъҳои асосии таҳлил ва арзёбии фаъолияти омӯзгори синфҳои ибтидоиро дарк намуда, нишондиҳандаҳои таҳлили фаъолияти омӯзгорро аз худ мекунанд.
Нақша:
• Мақсад аз таҳлили фаъолияти омӯзгор
• Нишондиҳандаҳои таҳлили педагогӣ
МАҚСАД АЗ ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОР
Таҳлили фаъолияти омӯзгор асоси такмили маҳорати ӯ мебошад. Ҳамчунин, мақсад аз он иборат аст, ки оё фаъолияти омӯзгор бо натиҷаҳои кори ӯ алоқаманданд, вай чӣ гуна методу усулҳои навро азхуд кардааст, маҳорати худро то чи андоза такмил додааст, фаъолияти хонандагон чӣ гуна тағйир ёфтааст, муносибати онҳо ба омӯзиш чӣ гуна аст, чиро медонанд ва дар истифодаи донишҳои худ кадом малакаҳоро доранд. Инчунин муайян кардан лозим аст, ки истифодаи усулҳои кӯҳна ва нави таълим, усулҳои анъанавӣ чӣ гуна сурат мегирад, омӯзгор ба тарҳрезии раванди таълиму тарбияи худ чӣ гуна бошуурона муносибат мекунад, методикаи ӯ таълиму тарбияро чӣ гуна таъмин мекунад, то чӣ андоза мусбат аст, ё ин ки натиҷаҳои бадастомада ба муносибати хонандагон ба таҳсил таъсири манфӣ мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё