МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар бисёр мавридҳо нақшаи ягонаи фаъолияти якҷояи оила, мактаб ва ҷомеа тартиб дода мешавад. Дар фаъолияти якчояи мактаб ва оила вазифаи ҳар кадоми онҳо муайян карда шуда, тибқи он амал мекунанд.
Яке аз самтҳои асосӣ дар ин ҷо ташкил ва ҷорӣ намудани таълими умумии педагогӣ: лексияҳо, ассотсиатсияҳои падару модарон, мизҳои мудаввар, конференсияҳо ва бисёр дигар шаклҳои доимӣ ва яквақтаи таълими педагогӣ. Дар он ба падару модароне, ки мехоҳанд фарзанди худро нағзтар фаҳманд, ҷараёни муоширатро бо ӯ дуруст ташкил кунанд, дар халли масъалаҳои мураккаб ёрӣ расонанд ва рафъи вазъияти ихтилофӣ машварат гузаронида мешавад. Аксарияти волидайн мехоҳанд фарзандони худро боистеъдод, бофарҳанг, бомаърифат ва муваффақ бубинанд. Маҳз дар хамин саъю кушиши табиӣ робитаи мактаб ва оила барпо мегардад. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ мекӯшанд, ки волидон принсипҳои педагогикаи гуманистиро дарк ва қабул намоянд:
– эҷодкорӣ — рушди озоди қобилияти кӯдакон;
– гуманизм — эътирофи шахсият ба сифати арзиши мутлақ;
– демократия дар асоси барқарор намудани муносибатҳои баробари маънавии байни калонсолон ва кӯдакон;
– шаҳрвандӣ дар асоси дарки ҷойгоҳи худ дар низоми ҷамъиятӣ;
– афзалияти меъёру арзишҳои ахлоқии умумибашарӣ.
Дар натиҷаи фаъолияти таълимии омӯзгор падару модарон ба тарбияи фарзанди худ тавассути ташкили фаъолияте, ки дар онҳо ташаккули шахсияти тамоюли муайян сурат мегирад, муносибат мекунанд. Бори асосии таъмини муоширати воқеӣ бо оила ба дӯши роҳбари синф гузошта мешавад. Барои ин ӯ шаклҳои гуногуни ҳамкориро истифода мебарад. Бисёр оилаҳо ба маслиҳати педагогӣ ва дастгирии касбӣ ниёз доранд, ки ин шакли кор дар нақшаҳои кории муассисаи таълимӣ ҷой дода мешавад. Он ҷо дар бораи вазифаҳо, шаклу усулҳои тарбияи оилавӣ лексияю суҳбатҳоро доир ба масъалаҳои зерин гузарондан ба мақсад мувофиқ аст; хусусиятҳои психофизиологии хонандагон; усулҳои тарбияи бачагони синну соли гуногун; унсурҳои алоҳидаи тарбия — ахлоқӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ, фикрӣ; самтҳои нави рушди зеҳнӣ — таълими иқтисодӣ, экологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ; муаммоҳои беҳдошти саломатии бачагон, ташкили тарзи ҳаёти солим; шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ; тарбияи интизоми бошуурона, вазифаю масъулиятшиносӣ. Дар алоҳидагӣ масъалаҳои мубрами тарбияи оилавӣ, шароити муноқиша ва буҳронӣ, ба вуҷуд омадани мушкилоту монеаҳо дар тарбияти оилавӣ, масъулият дар назди ҷомеа ва ватанро баррасӣ кардан лозим аст.
Дар маҷлисҳои падару модарон на танҳо дар бораи натиҷаҳои таҳсил ва давомот, қоидавайронкуниҳо, ақибмонӣ дар таълим маълумот додан, балки дар якҷоягӣ бо онҳо сабаби камбудиҳоро муайян карда, роҳҳои бартараф намудани онро муҳокима намуда, чораҳои заруриро андешанд. Риояи қоидаҳои зерин барои омӯзгор ниҳоят муҳим аст:
– бе даъват ба хонаи хонандагон рафтан мумкин нест, аз ягон аъзои оила даъватнома гирифтан лозим;
– ҳангоми суҳбат бо падару модар хушмуомила шуда, ҳамеша бо таърифу тавсиф суханро оғоз намудан;
– нисбати хонанда арзу шикоят накарда, дар бораи мушкилот сухан ронда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод намудан;
– дар назди хонанда суҳбат кардан ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ мулоқоти махфӣ ташкил кардан;
– ба волидон даъво накардан;
– бо ҳар роҳ таваҷҷуҳи худро ба тақдири тарбиятгиранда нигаронидан;
– маслиҳат ва тавсияҳо додан, бо дарназардошти талаботи худ ва имкониятҳои оила;
– пешниҳод намудани лоиҳаҳои муштарак, мувофиқа кардани корҳои мушаххаси муштарак;
– ваъдаҳои беасос надодан, дар вазъиятҳои душвор худдорӣ кардан, ҳамдардии эҳтиёткорона баён намудан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё