МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хонданХусусияти фаъолияти педагогӣ риояи доимии фосилаи муошират аст, ки аз омӯзгор ба шароити тағйирёбанда бо зудӣ мутобиқ шуданро талаб мекунад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- 2) Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз дигар омӯзгорон бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад?
Вазифаҳои муҳиму асосии омӯзгори синфҳои ибтидоиро дар замони ҳозира муайян намуда, шарҳ диҳед. - Ҳамбастагии сифатҳои шахсӣ ва хусусиятҳои касбии омӯзгорро бо мисолҳо маънидод намоед.
- Хусусиятҳои маҳорат ва муоширати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз дигар омӯзгорон бо чӣ фарқ мекунад?
1.5. Фаъолияти якҷояи муассисаи таълимӣ, оила ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Шаклҳои ҳамкории муассисаи таълимӣ ва оиларо медонанд ва намудҳои фаъолияти педагогиро бо падару модарон тавсиф менамоянд.
• Самтҳои фаъолияти омӯзгорро бо волидайни хонандагони синфҳои ибтидоӣ медонанд.
• Мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро медонанд ва тибқи он амал мекунанд.
Нақша:
• Нақш ва вазифаи омӯзгор дар ҳамкорӣ бо оилаи хонандаи синни хурди мактабӣ.
• Шаклҳои ҳамкории муассисаи таълимӣ, оила ва ҷомеа.
НАҚШ ВА ВАЗИФАИ ОМӮЗГОР ДАР ҲАМКОРӢ БО ОИЛАИ ХОНАНДА СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ
Баландбардории маърифати аҳли ҷомеа, махсусан, насли наврас бо ҳамкорию робитаи оила, мактаб ва ҷомеа ҳамбастагии зиёд дорад. Тарбияи кӯдак дар асоси фаҳмишу биниш, ҷаҳобинию мафкура ва эътибору эҳтиром, инчунин арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, шахсияти ӯ ташаккул меёбад.
Барои баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2‑августи соли 2011 таҳти № 762 Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки он аз 6 боб ва
17 модда иборат аст. Дар ин бобҳо муқаррароти умумӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд, чораҳо барои пешгирии иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои муассиса ва ташкилотҳо, ҷавобгарии падар ва модар барои иҷро накардан… муайян гардидаанд. Аз мазмуни бобҳо бармеояд, ки дар тарбияи наврасон, ки ояндаи миллатанд, танҳо падару модар масъул набуда, ҳамагон масъуланд: ҳам хонавода, ҳам мактабу донишгоҳ ва ҳам давлату аҳли ҷомеа.
Ҳамагон дар маҷмуъ се сутун ё асоси устуворро ташкил медиҳанд, ки болои он тарбияи фарзандон қарор дорад: хонавода, мактаб ва аҳли ҷомеа. Мо ин се асосро ба се дастури ё асоси «Авасто»-и муқаддас ташбеҳ дода мегӯем: хонаводаи солим, мактаби солим, ҷомеаи солим. Ин дар навбати худ ба дархости «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006) ҷавобгӯ аст. Он ҷо таъкид ёфтааст: «Рушди минбаъдаи кишвар ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебоипараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа, мактаб ва оила аст»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё