Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ба маънои умумӣ маҳорати омӯзгор санъати баланду такмилёфтаи педагогӣ мебошад. Маҳорат ба омӯзиши маданияти шахсӣ, дониш ва ҷаҳонбинии омӯзгор бо техникаи педагогӣ ва таҷрибаи пешқадам асос меёбад. Барои азхуд кардани маҳорат, бояд назарияро донад, технологияҳои самараноки раванди таълимро истифода барад, онҳоро барои вазъияти мушаххас дуруст интихоб кунад, ташхис, пешгӯӣ, тарҳрезии равандҳои таълиму тарбияро тавре ташкил кунад, ки дар ҳама ҳолат ҳатто дар шароити номусоидтарин, ба дараҷаи дилхоҳи таълиму тарбия ва дониши хонандагон ноил гардад.
Қобилияти самаранок ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар раванди таълим, ташаккул додани ахлоқи ҳамида, ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва мустақилият дар хонанда як ҷузъи дигари маҳорати педагогӣ мебошад. Унсури муҳими маҳорати педагогӣ сатҳи баланди техникаи педагогӣ мебошад. Техникаи педагогӣ маҷмуи дониш, малака ва маҳоратест, ки барои самаранок истифода бурдани усулҳои ҳамкории педагогӣ дар амалия заруранд. Инчунин дониши ҳаматарафаи педагогӣ ва психологӣ, тайёрии махсуси амалиро талаб мекунад.
Муоширати педагогӣ — барқарор намудани робита байни омӯзгор ва хонандагон Онро ҳамчун ҳамкории касбии омӯзгор бо хонандагон муайян кардан мумкин аст, ки ба муқаррар намудани муносибатҳои эътимоднок нигаронида шудааст. Дар ин ҷо фарҳанги сухан, нафаскашии дуруст, танзими овоз нақш мебозад. Омӯзгор идора кардани овоз, чеҳра, таваққуф, мавқеъ, мимика, имову ишораро меомӯзад.
Проблемаҳои муоширати педагогӣ дар педагогикаи ҷаҳонӣ фаъолона омӯхта мешаванд.
Вобаста ба услуби муоширати педагогӣ се намуди омӯзгорро ҷудо мекунанд:
ташаббускор, таъсирбахш ва аз ҳад зиёд фаъол. Якум, ташаббускор дар ташкили муошират, робитаи худро бо хонандагон фардӣ мекунад, муносибаташ мувофиқи таҷриба тағйир меёбад. Дуюм, муносибати чандир дорад. Ӯ ҳадафҳои норавшан ва рафтори ошкоро дорад. Омӯзгори аз ҳад зиёд фаъол ба баҳодиҳии муболиғавии хонандагон ва барпо намудани муоширати ғайривоқеӣ майл дорад. Аксар вақт ӯ аз муоширати ғайринутқи истифода мебарад: ҳолат, ифодаи чеҳра, имову ишора, нигоҳ. Масалан, тадқиқотҳо нишон доданд, ки ҳангоми бе ҳаракат ё ноаён будани чеҳраи омӯзгор то 10–15% маълумот гум мешавад. Хонандагон ба нигоҳи омӯзгор хеле ҳассосанд. Вақте ки чеҳраи ӯ норавшан мешавад, хонандагон нороҳатиро ҳис мекунанд, самаранокии кор паст мешавад. Мавқеъҳои «пӯшида»-и омӯзгор (вақте ки дастҳо дар сари сина ва нишастан: ҳарду даст дар болои сина гузошта мешаванд ва ғайра) нобоварӣ, ихтилоф, муқобил қабул карда мешаванд. Мавқеи «кушода»
(истодан: дастҳо кушода бо кафи боло, нишастан: дастҳо дароз кардан, пойҳо дароз кардан) ҳамчун эътимод, созиш, иродаи нек қабул карда мешаванд. Ҳамаи инро хонандагон дар сатҳи бешуурона дарк мекунанд. Шавқ, шодӣ ва нобоварӣ одатан бо овози баланд, ғазаб, тарс — нисбатан баланд, ғам, андуҳ, хастагӣ — бо овози нарм ва ғафс ифода карда мешаванд. Суръати нутқ низ ҳиссиёти омӯзгорро ифода мекунад:
сухани тез — ҳаяҷон ё ташвиш; суст — далели асабоният, мағрурӣ ё хастагӣ. Исбот шудааст, ки сила кардан, ламс кардан, даст фишурдан як шакли зарурии биологии ҳавасмандкунӣ мебошад.

пешина
аз 142
навбатӣ