МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Вазифаҳои таълими нисбатан мураккаб шуда, қобилияти фикрронии бештарро талаб мекунад.
Хонандагон вазифа ва уҳдадориҳои гурӯҳи худро дар иҷрои вазифа дарк карда, нақшҳоро баробар тақсим мекунанд.
Дар раванди кори гурӯҳӣ доир ба мазмуни таълим маслиҳату машварат карда, донишу малакаи навро мустаҳкам мекунанд. Фаъолияти худро мувофиқи қоида, меъёрҳо ва тартиби қабулшуда (марҳилаи аввал) ба роҳ монда, ҳар як қадамро арзёбӣ мекунанд.
Натиҷаи корашонро бо намуна муқоиса карда, ғалатҳои ҷойдоштаро ислоҳ мекунанд. Нуктаҳои асосиро ба мақсади такрор накардани ғалатҳои қабли ба қайд мегиранд.
Натиҷаи кори худро ба тарзҳои гуногун муаррифӣ карда метавонанд.
Истифодаи мустақилонаи донишу малакаҳои нав Омӯзгор ба мақсади ташаккули мустақилона истифода бурдани донишу малакаҳои дар марҳилаҳои қаблӣ ҳосилшуда машқҳое, пешниҳод мекунад, ки татбиқи донишу малакаҳоро дар шароити нав талаб мекунанд.
Дар асоси мушоҳида (санҷиши кори хонандагон) далелҳоеро пайдо мекунад, ки аз ноил гаштан ё нагаштан ба натиҷаҳои таълим дарак медиҳанд) Хонанда мустақилона дониш ва малакаи андӯхтаашро дар шароити нав истифода мебарад.
Фаъолият ва натиҷаи кори худро дар асоси хулосаҳо (меъёр, қоида, тартиб) арзёбӣ карда, ғалатҳоро ислоҳ ва корашро такмил медиҳад.
Натиҷаи кори худро ба тарзҳои гуногун муаррифӣ карда метавонанд.
Истилоҳҳои педагогӣ Бакалавр — дараҷаи аввали академӣ дар низоми бисёрзинагии таҳсилоти олии касбӣ, ки баъд аз таҳсили чаҳорсола ва бомуваффақият супоридани имтиҳон ва ҳимояи рисолаи хатмкунӣ ба даст меояд.
Вазифаи таҷрибаомӯзон — дар таҷрибаи педагогӣ омӯхтани мушоҳидаи раванди таълиму тарбия, фаъолияти омӯзгорон ва хонандагон, дарки моҳият, муносибат ва мантиқи ҳамкории онҳо, тарзу равиши фаъолияти педагогӣ мебошад.
Гуманизатсияи (инсонгароии) таълим — паҳншавии ғояҳои башардӯстона (гуманизм) дар мазмун, шакл ва усулҳои таълиму тарбия; таъмини раванди таълим бо инкишофи ҳамоҳангии ҳамаҷонибаи қувваҳои табиӣ ва қобилиятҳои инсонӣ.
Гуманизм — усули ҷаҳонбинӣ, ки асоси онро ба расмият шинохтани имконоти беҳудуди инсон дар роҳи камолот ташкил медиҳад. Ҳамчунин таъини манфиати инсон ҳамчун меъёри арзёбии сатҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки яке аз усулҳои асосии педагогикаи муосир маҳсуб мешавад.
Дониши касбӣ — донистани фанни педагогика, психология, фанни тадрисӣ ва услуби он.
Илми биоритмология — истилоҳи юнонӣ буда, суръати ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти кори одамонро меомӯзад. Дар ташкили меҳнати фикрӣ бояд мавқеи қобилияти кории одамон ба инобат гирифта шавад.
Ихтисос — соҳаи мушаххаси меҳнат дар чаҳорчӯби касби муайян, ки дониш, маҳорату малакаи махсусро талаб мекунад.
Имтиҳон — арзёбии дараҷаи дониш, маҳорат ва малакаҳо мебошад. Имтиҳонҳо мувофиқи талаботи барномаи таълимӣ бо саволномаҳои тестӣ ва ё билет гузаронида мешаванд.
Инкишоф — раванди ташаккулёбии фард, ки тавассути таъсири омилҳои зоҳирӣ ва ботинии идорашаванда ва табиӣ рух медиҳад.
Иқтибос — ба гуфтор ё матни худ аз ҷое далел овардан, аз дониши касе ва ё китобе баҳраманд шудан.
Иқтибосҳо дар поварақи матн ё китоб аз кадом маъхаз гирифта шуданашон нишон дода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё