Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ирода — ин бо қатъият ва шуурона бартараф намудани мамониатҳо мебошад, ки дар иҷрои фаъолияти муайян устувориву ҷуръатмандии шахс ташаккул меёбад.
Ирсият — ин хусусият ва аломатҳои ҷисми зиндае, ки таърихан ва тадриҷан аз насл ба насл мегузарад.
Аз ҷумла, ба ин сохти анатомию физиологии бадан, ранги пӯст, чашм, мӯй, абрӯ, хусусиятҳои системаи асаб, ҳамчунин аломатҳои нутқ, тафаккури одам ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Касб — намуди собити фаъолияти меҳнатӣ, ки омодагии муайяни касбиро тақозо мекунад.
Коллеҷ — муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Консепсия — истилоҳи лотинӣ буда, маънои нуқтаи назар, система, бунёди назариявии ягон равандро ифода менамояд.
Консепсияи миллии маълумот — ҳуххатест, ки дурнамои сиёсати давлатро дар соҳаи маълумот муайян мекунад.
Консепсияи миллии тарбия ҳуххатест, ки сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии насли наврас муайян мекунад.
Кори курсӣ — кори мустақилонаи илмӣ-методии донишҷӯёни донишгоҳи олӣ буда, тибқи нақшаи таълимӣ таҳти роҳбарии омӯзгори фанни махсус иҷро карда мешавад. Донишҷӯ баҳри амиқ омӯхтани ин ё он мавзуъ кори курсӣ менависад, ки ҳаҷмаш тахминан аз 20–25 саҳифа кам набошад.
Қобилияти педагогӣ — нишондиҳандаи дараҷаи мустақилияти тафаккур ва сифатҳои иродавию эмотсионалии шахсияти омӯзгор буда, дар ҳамбастагӣ як ҷузъи томро ташкил медиҳад.
Қобилияти дидактикӣ — дар шакли фаҳмо ва дастрас ба шогирдон пешниҳод кардани маводи омӯзиш ва бедор намудани рағбати маърифатӣ.
Қобилияти академикӣ — омӯзгор фанни худро на танҳо дар доираи барномаи таълим, балки васеъ ва ҳаматарафа донад ва доимо аз дастовардҳои соҳаю фанни мазкур огоҳ бошад.
Қобилияти идрокнамоӣ (персептивӣ) — бо мақсади ташаккулдиҳии шахсияти хонанда омӯзгор зоҳиршавии аломатҳои ҳолати ботинии хонанда ва авзои руҳии ӯро муайян мекунад ва баҳри самаранок гаштани раванди омӯзиш ба онҳо таъсир мерасонад.
Қобилияти коммуникативӣ — маҳорати муомила карда тавонистан бо хонанда, барқарор кардани муносибати мақсаднок ва риояи маданияти муоширати педагогиро ифода менамояд Лаборатория — истилоҳи юнонӣ буда, маънояш меҳнат кардан, душвориҳоро бартараф намуданро ифода мекунад. Ин шакли таълимӣ аз донишҷӯён бештар ташаббускорӣ, мушоҳидабарӣ ва мустақилиро талаб мекунад. Ба машғулиятҳои лабораторӣ 20–30% вақти маводи таълимӣ ҷудо карда мешавад.
Лексия — истилоҳи лотинӣ буда, маънояш хондан, қироат кардан мебошад. Дар лексия маводи таълимӣ, ягон масъала, мавзуъ, методҳои фан пай дар пай, системанок баён карда мешавад.
Логопедия — кӯдакони дар нутқ нуқсдорлакнатзабон (тутулаҳо)-ро меомӯзонад.
Мавзуъ: (таълимӣ) — қисмати тартибии курси таълимӣ. Мавзуи дарс ё машғулият маъмулан мутобиқи барнома ва нақшаи таълимӣ муайян карда мешавад.
Магистр — дараҷаи илмие, ки пас аз супоридани имтиҳон ё ҳимояи рисолаи дипломӣ ба хатмкунандагони мактабҳои олии касбӣ медиҳанд.
Маълумот — раванд ва натиҷаи азхудкунии системаи донишҳои илмӣ, маҳорату малакаҳои маърифатӣ ва дар асоси онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва дигар сифатҳои шахсият, инкишофи қудрату қобилияти эъҷодии хонандагон.

пешина
аз 142
навбатӣ