МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Технологияи мазкур имкон фароҳам меорад, ки донишу малакаҳо ҳадафмандона аз омӯзгор ба хонандагон гузарад. Омӯзгор намунаи малакаи заруриро намоиш дода, тартиби иҷрои он бо хонандагон муҳокима ва хулосабарорӣ (таҳияи меъёрҳо, қоидаҳо, тартиб) карда мешавад.
Сипас дар асоси намуна хонандагон фаъолияти навро машқ мекунанд. Дар ин марҳила омӯзгор бевосита фаъолияти хонандагонро тавассути воситаҳои арзёбии ташаккулдиҳанда назорат ва раҳнамоӣ мекунад.
Пас аз пайдо шудани таҷрибаи аввал хонандагон онро дар ҳамкорӣ бо ҳамнишаст ё дар гурӯҳҳои хурд сайқал медиҳанд. Дар ин марҳила масъулияти назорати раванди фаъолият тадриҷан ба зиммаи хонандагон вогузор карда мешавад. Онҳо раванди фаъолияти таълимӣ ва натиҷаи онро тавассути меъёрҳои мувофиқашуда (хулосаҳо) арзёбӣ мекунанд.
Барои муайян кардани сатҳи азхудкунии хонандагон омӯзгор ба онҳо мустақилона иҷро кардани машқеро пешниҳод менамояд. Пас аз эътимод ҳосил кардан, ки хонанда мустақилона аз иҷрои амал мебарояд, аз ӯ хоҳиш карда мешавад, ки ин малакаро дар шароити нав истифода бубарад (машқҳои эҷодӣ). Дар ин зина масъулияти назорати раванди иҷроиши амал ва натиҷаҳои он пурра ба дӯши хонанда мегузарад.
Ҷадвали шарҳи марҳилаҳои технологияи таълими «Гузариши батадриҷи масъулият»
Пеш аз дарс: Омӯзгор мазмуни таълим (дониш ва малака)-и ба дарси мушаххас марбутро меомӯзад. Вобаста ба мазмуни таълим намунаи коре, ки аз хонанда талаб карда мешавад, таҳия мекунад.
Ҳангоми дарс: Хонандагонро барои омӯхтан омода мекунад. Намунаро амалан намоиш дода, тартиби иҷрои онро шарҳ медиҳад. Хонандагонро барои муҳокимаи тартиби иҷрои амалҳои анҷомдодааш ҷалб мекунад. Якҷоя бо хонандагон хулоса мебароранд: меъёр, қоида ва тартиб таҳия мекунанд) Марҳила Фаъолияти омӯзгор Фаъолияти хонандагон Муаррифии донишу малакаҳои нав Фаъолияти намунавии омӯзгорро бодиққат мушоҳида мекунанд.
Тартиби иҷрои амалҳои омӯзгорро дар хотир мегиранд ва шарҳ медиҳанд.
Дар хулосабарорӣ (таҳияи меъёр, қоида, тартиб) фаъолона иштирок мекунанд ва менависанд.
Машқи назорати бо раҳнамоии омӯзгор Фаъолияти минбаъдаи хонандагон аз ин марҳила вобастагии калон дорад. Барои иҷрои ин фаъолият омӯзгор машқҳои мувофиқе, ки дар онҳо санҷиши дарки мазмуни таълим имконпазир аст, интихоб (таҳия) мекунад.
Шарти вазифаи таълимиро шарҳ медиҳанд ва тартиби иҷрои онро номбар мекунанд.
Диққаташонро ба иҷрои вазифа равона мекунанд.
Ба хонандагон вазифа медиҳад, сатҳи фаҳмиши шарти вазифаро месанҷад, раванди фаъолиятро назорат мекунад, дар мавриди зарурӣ ёрӣ мерасонад. Дар асоси мушоҳида ва дарёфти далел раванди таълимро мутобиқ месозад. Яъне, ба фаъолияти нав гузаштан ё такрор кардани ин марҳиларо муайян мекунад) Дар сурати пайдо шудани душворӣ аз омӯзгор ёрӣ мепурсанд.
Дар иҷрои вазифа муваффақ шудан ё нашудани худро таҳлил карда, нуктаҳои асосиро ба қайд мегиранд.
Машқи мустаҳкам кунӣ дар ҳамкорӣ Омӯзгор дар баробари таълим бо мақсади иҷтимоишавии хонандагон фаъолияти дунафарӣ ё гурӯҳиро ба роҳ мемонад. Дар ин марҳила омӯзгор ба хонандагон ба мақсади дар ҳамкорӣ омӯхтан шароит фароҳам меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё