Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Принсипи 2 (роҳҳои гуногунии муаррифӣ). Пешниҳоди шаклҳои гуногуни маводи таълимӣ аз тарафи омӯзгор бо роҳҳои гуногун расонидани маълумот барои хонандагон мебошад. Хонандагон аз рӯи тарзи қабул ва дарк кардани иттилооти ба онҳо пешниҳодшуда фарқ мекунанд, далелҳо ва ҳар чизеро, ки мебинанд, мешунаванд ва мехонанд, гурӯҳбандӣ мекунанд.
Барои хуб дарк кардани маълумот бо истифода аз анализаторҳои мавҷуда онро муайян ва азхуд кардан лозим аст. Омӯзиш имконнопазир аст, агар маълумот аён бошад ё дар форматҳое пешниҳод карда шавад, ки кӯшиши фавқулода ё кумакро талаб кунад. Барои кам кардани монеаҳо бояд хонандагон иттилоотро тавассути усулҳои гуногун (биниш, шунавоӣ, муоинаи ламсӣ) қабул кунанд. Воситаҳое, ки ба омӯзгор имкон медиҳанд, ки онҳоро барои худ танзим кунанд, пешниҳод кардани он мувофиқи матлуб аст. Масалан, матнро метавон калон кард, тавассути хониш, расмҳо, пиктограммаҳо ва садоҳои баланд такрор кард. Матн тавассути тасвирҳо, графика, аниматсия, видео ва ё усулҳои анъанавӣ пешниҳоди иттилоот мебошанд, ки беҳтарин воситаҳо ҳисобида мешаванд. Аммо намоиши визуалӣ барои ҳама хонандагон яксон дастрас нест. Монеаҳои имконпазир тавассути истифодаи матнҳои хаттӣ ва шифоҳии ҳама тасвирҳо, графика, видео, аниматсия, сигналҳои шунавоӣ барои мафҳумҳои асосӣ, объектҳои физикӣ ва намунаҳои фазоӣ барои нишон додани дурнамо ё ҳамкорӣ бартараф карда мешаванд. Имконият додан лозим аст, ки маънои калимаю аломатҳо, дарк кардани робитаҳои бо сохти мураккаби синтаксисӣ интиқолшавандаро равшан созем; имконияти истифодабарии вариантҳои тасвири рамзӣ (расмҳо, ҳаракатҳо, диаграммаҳо, ҷадвалҳо, моделҳо, видеоҳо ва ғайра, аз ҷумла алоқаи алтернативӣ) пешбинӣ шуда, муҳим аст, ки қобилияти кушодани рамз ва аломатҳои математикӣ таъмин карда шавад. Яке аз роҳҳои муассири дастрас кардани иттилоот ин пешниҳоди маводе мебошад, ки муҳимтарин ғоя ва муносибатҳоро таъкид мекунанд. Табдил додани иттилоот ба донишҳои муфид татбиқи амалҳои мантиқӣ, стратегия ва малакаҳои коркарди иттилоотро талаб мекунад. Маводи тарҳрезишуда метавонанд дастгирӣ ва алгоритмҳои дарунсохтро таъмин кунанд, ки омӯзгорон ва хонандагон аз ин стратегияҳо самаранок истифода баранд.
Принсипи 3 (роҳҳои гуногунии амал ва баёнкунӣ). Пешниҳоди якчанд роҳҳои амал ва нишон додани донишҳои андӯхта, ҳалли масъалаҳои омӯзишӣ банақшагирӣ, иҷро, худидоракунӣ, ислоҳот ва баҳодиҳии натиҷаҳои бадастомадаро дар бар мегирад. Хонандагон бояд фаҳмиши масъулиятро барои омӯзиши худ инкишоф диҳанд, аз ин рӯ ба онҳо бояд имконият дода шавад, ки он чизеро, ки омӯхтаанд, нишон диҳанд. Пешниҳоди дониш ва малакаҳои бадастомада бояд бо шаклу воситаҳо таъмин карда шавад. Сохтани расм, диаграммаҳо, навиштани иншо, гузориш аз рӯи нақшаро хонанда бояд интихоб карда тавонад. Истифодаи принсипҳои тарҳи универсалии омӯзиш имкон медиҳад, ки бисёр мушкилоти давраҳои гузариши синусолии хонандагонро ҳал кунем.
Технологияи таълими «Гузариши ботадриҷи масъулият». Технологияи таълими «Гузариши ботадриҷи масъулият» яке аз технологияҳои муассири таълим шинохта шуда, дар таълими забон ва хониш ба таври васеъ истифода карда мешавад.

пешина
аз 142
навбатӣ