Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Яқин ҳосил мекунад, ки ҳамаи кӯдакон омӯзишу рушди худро нишон дода метавонанд ва арзёбӣ танҳо аз тариқи имтиҳонҳои хаттӣ ва азёдкунӣ амалӣ намешавад.
  2. Итминон ҳосил мекунад, ки кори ҳамаи кӯдакон таъриф мешавад ва ҳатто расмҳои на он қадар мукаммали онҳоро дар девори синф овезон мекунад. Ӯ танҳо ба натиҷа не, балки ба «кӯшиш»-и кӯдак аҳамият медиҳад.
  3. Тамасхур ва таҳқирро дар синф аз тарафи ягон кӯдак нисбати кӯдакони дигар таҳаммул намекунад.
  4. Бо кӯдакони дорои маҳдудият ва кӯдакони дигар ҳамчун шахсони заифу нотавон муомила намекунад, балки кумаки амалиро пешкаш мекунад ва кӯдакони дигарро низ ба ин ташвиқ мекунад 8) Аз кӯдакон интизориҳои баланд дорад ва онҳоро талқин мекунад, ки метавонанд муваффақ бошанд.
    Тарҳи универсалии омӯзиш
    Тарҳи универсалии омӯзиш (ТУО) — навъи муносибат дар таълими таҳсилоти фарогир буда, дар раванди таълим ба омӯзгорон ҷиҳати фаро гирифтани тамоми хонандагон новобаста аз қобилияти маърифатӣ, навъи маъюбият, синну сол, ҷинс, забон ва дигар хусусиятҳои фарқкунанда кумак менамояд. Тарҳи универсалии омӯзиш дар натиҷаи таҳқиқоту пажӯҳишҳо оид ба самаранокии таълими хонандагони дорои ниёзҳои гуногун асос ёфтааст, ки ба такмили барномаҳои таълимӣ нигаронида мешавад. Тарҳи универсалӣ барои омӯзиш бисёр самарабахш ҳисобида мешавад, зеро он ҳам неврология ва ҳам илмҳои восбаста ба омӯзишро муттаҳид мекунад.
    Донистани принсипҳои тарҳи универсалӣ, ки хонандаро бо бисёр чизҳо таъмин мекунанд, заруранд:
    Принсипи 1 (роҳҳои гуногунии ҷалбкунӣ). Пешниҳоди шаклҳои гуногуни ҷалб ва ҳамкории мутақобила унсури муҳими омӯзиш мебошанд. Хонандагон аз он фарқ мекунанд, ки чӣ гуна онҳо метавонанд ба омӯзиш ҷалб шаванд ё ҳавасманд бошанд. Ин ба хислатҳои шахсӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, таҷрибаи субъективӣ, донишҳои асосӣ ва як қатор омилҳои дигар вобаста аст. Баъзе хонандагон ба навоварӣ ҷалб карда мешаванд. Баъзе хонандагон аз кори мустақилона лаззат мебаранд, дигарон мехоҳанд дар гурӯҳ бо ҳамсолони худ кор кунанд ё медонанд, ки онҳо метавонанд аз калонсолон кумак гиранд. Ягон воситаи ҳамкории мутақобила вуҷуд надорад, ки барои ҳамаи хонандагон дар ҳама замина ягона бошад. Аз ин рӯ пешниҳод кардани имконоти гуногуни ҳамкорӣ муҳим аст. Яке аз ҳадафҳои ин принсип ташаккули малакаҳои худидоракунии хонандагон мебошад. Дар муҳити таълимӣ яке аз роҳҳои ҷалби таваҷҷуҳ ин муайян ва нишон додани он аст, ки дониш, маҳорат ва малакаҳои муайян барои онҳо то чӣ андоза муфид ва муҳим буда метавонанд. Омӯзгор бояд фазои мусоид фароҳам оварда, таҳдидҳои эҳтимолиро (аз ҷумла таҳдидҳои психологӣ — тарсу ҷазо, хатогиҳо, ногаҳонӣ) коҳиш диҳад. Муҳити таълим набояд унсурҳои парешонкунанда ва аз ҳад зиёди ҳиссиётӣ, миқдори зиёди объектҳои дар як вақт пешниҳодшударо дар бар гирад. Имконияти тағйир додани суръати кор, додани танаффус, иваз кардани фаъолият ва мавқеи кориро таъмин кардан лозим аст. Эътироф намудани гуногунии хонандагон равишҳои асосии зеринро муайян мекунад:
    – бо роҳҳои гуногун нишон додани маълумот;
    – ба хонандагон имкон додан, ки ба масъалаҳои омӯзишӣ наздик ва он чизеро, ки медонанд, бо роҳҳои гуногун нишон диҳанд;
    – пешниҳоди вариантҳое, ки хонандаро ҷалб ва онҳоро ҳавасманд мекунанд.
пешина
аз 142
навбатӣ