МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МАФҲУМИ «МУТОБИҚГАРДОНӢ» ДАР СИСТЕМАИ ПЕДАГОГӢ
Мутобиқгардонии системаи педагогӣ унсури асосии инноватсия дар раванди таҳсилот мебошад. Коркарди ин ғоя дар аввали солҳои 70-уми асри гузашта таҳти рохбарии олими намоён академик Ю. К. Бабанский сурат гирифта буд. Бо роҳбарии ӯ ҳаракати такмилдиҳии системаи таълимӣ-тарбиявӣ ба миён омад. Натиҷаҳои муайяни ноилшавӣ пайдо шуданд, ки ҳоло хам баҳри педагогикаи ватанӣ ва муассисаи таълимӣ аҳамияти калон дорад.
Мутобиқгардонии системаи педагогӣ аз истилоҳи лотинии «optimum» — беҳтарин, муносиб ибтидо ёфта, маънои аз имкониятҳои зиёд интихоб намудани вариантҳои бехтаринро дорад. Дар чунин системаи мураккаб, динамикӣ, сернақшагӣ, ҳазорҳо имконияти созмони вариантҳо, ҷараён ва ташкили фаъолияти таълимию тарбиявӣ, ноилшавӣ ба мақсади гузошташуда вуҷуд дорад. Дар шароити мушаххас фақат яке аз онҳо беҳтарин шуда метавонад. Ҷустуҷӯи он — вазифаи умдаи муносибгардонӣ аст. Он бо роҳи муқоисаи вариантҳо ва арзёбии алтернативӣ ҳал карда мешавад.
Дар таҳти мутобиқгардонӣ сатҳ ва дараҷаи мувофиқи системаи педагогӣ ба он мақсаде, ки баҳри ноилшавии он барпо карда шудааст, фаҳмидан мумкин аст.
Ноилшавии зиёд барои як шароит ва қариб ҳеҷ вақт дар шароити дигар ҷой надорад, барои ҳамин ҳам фаҳмиши мутобиқгардонӣ ҳамеша наметавонад, он фақат ба муносибати интихоби вазифа руй медихад. Дар ин лаҳза дақиқ тасаввур кардан зарур аст, ки чӣ бояд муносиб гардонда шавад, кадом параметри системаи педагогӣ бояд ба комёбии зиёди мақсади гузошташуда мувофиқ ояд.
Ю. К. Бабанский ба педагогика дохил кардани принсипи оптималӣ — муносиб ё беҳтаринро ба миён гузошт, то ки ҷараёни комёбӣ на фақат як беҳбудӣ, балки ба чандин комёбӣ ноил гардад. Принсипи муносибгардонӣ оқилона ва сарфакорона истифода бурдани меъёри ҳамаи унсури раванди омӯзишро тақозо мекунад. Он ба имконпазирии вақти кам сарф карда, ба натиҷаҳои муфиди зиёд ноилгардӣ даъват менамояд. Дар ҳамин дида мешавад моҳияти гуманистии он.
Дар ин ҷода бояд майли назариявӣ ва амалиро фарқ кард. Фаҳмиши муродифи мафҳуми «оптималӣ»-ин мувофиқгардонӣ дар назария ҷанбаи ҳисоб, муқоисаи вариантҳоро ифода мекунад. Дар ҷонбаи амалӣ муносибгардонӣ инноватсия, азнавташкилкунии системаи педагогиро мефаҳмонад.
ВАЗИФАҲОИ МУТОБИҚГАРДОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Ҳалли вазифаҳои мутобиқгардонӣ аз интихоби мақсаднок cap мешавад.
Маҳаки муносибгардонӣ — ин аломат (нишондод), ки дар асоси он имконпазирии вариантҳо (алтернатив)-и инкишофи раванд ва интихоби беҳтарини онҳоро арзёбӣ мегардонанд. Талаботи мантиқ истодагарӣ мекунад, ки меъёр фақат аз як мазмун нишондод (параметр) иборат бошад, дар педагогика ин ҳамеша ҳалли комплексӣ мегирад, чунки ба инкишофи сабабҳои ҷудогонаи раванд, ки аз ҷараёни системаи педагогӣ cap мешавад, имкон намедиҳанд.
Мутобиқгардонӣ гуфта раванди омӯзише номида мешавад, ки — менависад академик Ю. К. Бабанский, — якбора ба меъёрҳои зайл ҷавоб медиҳад:
а) мазмун, сохт ва мантиқи муфидона ва босифати вазифаҳои омӯзиш, тарбия ва инкишофи хонандагонро мувофиқи талаботи стандарти давлатии таҳсилотдар сатҳи имконияти зиёди таълимии ҳар муассисаҳои таълимӣ таъмин мекунад; б) ба мақсади гузошташуда ноилшавӣ бидуни сарфи зиёди вақти ҷудо кардаи нақшаи таълимии амалӣ барои машғулиятҳои синфӣ, ҳамчунин барқароршудаи муассисаи таълимӣ ва меҳнати гигиенӣ барои машғулиятҳои хонагии хонандагон ва омӯзгорон, таъмин карда мешавад, то ки якбора далелҳои хасташавӣ ба омӯзгорон ва хонандагон бояд огоҳонида шавад».
Дар муассисаҳои таълимии «инноватсионӣ» натиҷаҳо бо роҳи сербории омӯзгорон ва хонандагон ноил мегардад. Сербории дарозмуддат ба пастшавии қобилияти меҳнатӣ, бадшавии саломатӣ меорад. Талаботи меъёри мутобиқгардонӣ ҳаммаънои беҳтарин буда, онро ҳамчун раванди таълиму тарбия шуморидан мумкин аст, он бидуни сербории талабагон ва омӯзгорон ҷой мегардад ва дар ҳамин лаҳза натиҷаи зиёд ба даст оварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё