Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Мувофиқи меъёри пештара, ки ҳоло ягон кас иваз накардааст, хонандагон бояд ба корҳои хонагӣ дар ҳудуди зайл вақт сарф кунанд: дар синфи I — 1 соат, дар синфи II — 1,5 соат; дар синфҳои III–IV — 2 соат; дар синфҳои V–VI — 2,5 соат; дар синфи VII — 3 соат; дар синфҳои VIII–X — 4 соат.
Ҳамин тавр, барои сифати асосии меъёри муносибгардонии раванди таълимӣтарбиявӣ ду нишондоди боҳам робитадор қабул карда мешавад:

  1. дар шароити ҳозира гирифтани имкониятҳои зиёди (комёбиҳои воқеӣ) натиҷаҳои маълумот, тарбия ва инкишофи хонандагон; 2) риояи меъёрҳои сарфкунии вақти барқароршудаи корҳои синфӣ ва хонагии хонандагон ва омӯзгорон мувофиқи синну соли онҳо мебошад.
    Асосҳои методологии муносибгардонӣ рафтори системанок, ки дида баромадани ҳамаи қисматҳои раванди педагогиро дар ягонагии қонунмандии робитадорӣ талаб мекунад, ба назарияи умумии идоракунии системаҳои динамикии мураккаб риоя менамояд. Мутобиқгардонӣ ба «андозаи» фалсафа асосонида мешавад. Он ба муқобили муболиғакунии ин ё он қисми системаи педагогӣ, аз будаш зиёд ё камкунии суръати фаъолият, мураккабии омӯзиш ва ғ. мебарояд, вале фақат интихоби маҳаки андоза ва истифодабарии онҳоро талаб мекунад.
    Ба асосҳои талаботи методологии мутобиқгардонии системаи педагогӣ инҳо дохил мешаванд:
  2. Фарогирии яклухти расму қоидаи муносибгардонии тамоми система.
  3. Ҳангоми интихоби вариантҳои беҳтарин такякунӣ ба тамоми қонунияти системаи раванди таълимӣ-тарбиявӣ.
  4. Ҳисоби пай дар пайи имкониятҳои мутобиқгардонии тамоми қисматҳои система.
  5. Тафтиши мутобиқгардониро ҳамчун ҷараёни мунтазами раванди инноватсионӣ аз ҳама вазифаи бештар баландбардорӣ ва баланди ҳалли мукаммали технологӣ бояд донист.
    Талаботи аз ҳама охирин нишон медиҳад, ки дар қисман мутобиқгардонӣ нисбати системаи педагогӣ чанде пас беҳтаргардонӣ намешавад: тағйирёбии шароит, пайдошавии далелҳои нав баробарвазнии барқароршударо вайрон мекунад ва ҳамаашро аз нав cap кардан лозим меояд. Дар ҳамин аст абадияти мухолифатҳои раванди педагогӣ, аз оне ки қувваи ҳаракатдиҳандаи раванди он тавлид меёбад.
    Ба он эътибор бояд дод, ки аз як тараф, мутобиқгардонӣ фарқ мекунад, ки раванди педагогиро бо шароити мавҷуда мувофиқтардонад, вале аз дигар тараф худаш шароити нав барпо мекунад ва ба он раванд мутобиқшавиро талаб менамояд. Дар ин ҷо ҳаргуна мухолифат нест, ҳамин тавр, ҳарду раванд бо алоқамандии ҳамдигар амал мекунанд. Агар имрӯз мо ба воқеият мутобиқ шавем, онгоҳ он ба вазъият вобастагӣ дорад. Аммо педагог ҳама вақт мекушад, ки онҳо баҳри чараёни раванд беҳтарин бошанд. Чунин талаб тағйирнопазир мутаносибгардонӣ аст.
    Мутобиқгардонии амалӣ аз он cap мешавад, ки нисбат ба муайян кардани меъёри баҳо дар сатҳи таълимгирифта, бомаърифатшуда, инкишофёфтаи хонандагони синф ва тамоми муассисаи таълимӣ ноилшуда бошад. Ҳамчун қоида, вай аз имконияти объективӣ поёнтар меравад (агар ин сатҳ ҳамаро қонеъ гардонад, мутобиқгардонӣ шуда наметавонад: ба мақсад расидааст, беҳтар кардани дигар чиз нест). Сипас имконпазирии дараҷаи инкишофи натиҷагирӣ, лоиҳакашӣ карда мешавад (хонандаи аниқ чӣ тавр метавонад ва бояд нағз хонад, худро идора кунад). Баъди ин истифода (татбиқ) кардани чорабинихои системаи таълимӣ-тарбиявӣ, таъмини майл ба дигаргуниҳои пешбинишуда гузаштан. Дар ҷамъбаст муқоисакунии раванд ва натичаҳои ноилшуда ба имконият мутобиқгардонӣ, муқоиса кардани сарфакунии вақт барои корҳои хонагӣ ва беруназсинфӣ зимни меъёрҳо, кӯшиши омӯзгорон ва хонандагон хулосабарорӣ нисбати сатҳи мутобиқгардонӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
пешина
аз 142
навбатӣ