Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Парвози ӯро на ту,
На ману бобо дида,
Гоҳе ҳама мегӯем:
Шаб аз чашмам парида.
(Хоб)

Ором, бе шарфаи по
Ҳар шаб ояд назди мо,
Нодида рӯи моҳаш
Шодон равем ҳамроҳаш.
Вай табиби варзида,
Ҷояш болои дида.
(Хоб)

Аз ду даричаи во
Дунё кунӣ тамошо,
Ҳар гоҳ ки шавӣ хаста
Худ ба худ шавад баста.
(Чашм)

Пешгаҳи хонаи мо
Менишинад ба роҳат,
Худ дар як ҷо истода,
Моро барад саёҳат.
(Телевизор)

Аз гул ба гул мешинад,
Гарде зи гул мечинад.
Шод аст, аммо бечора,
Умри каме мебинад.
(Шоҳпарак)

пешина
аз 80
навбатӣ