Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДӮСТИ БЕҲТАРИН

Бо вай як ҷо нишинам,
Тани танҳо нишинам.
Аз ӯ дил гирад ором,
Пухта шавӣ, бошӣ хом.
Рафике сар то по панд,
Надорад ҳилаву фанд.
Китобаки безабон,
Омӯзад чандин забон.
Ёдам диҳад беовоз,
Суруду нағмаву соз.
Аз кимиёву ҳисоб,
Чӣ гӯяд сухан? Китоб!
Хоҳам барад ба кайҳон,
Сӯи «Роҳи каҳкашон».
Ба ӯ рӯи Маҳ шинам,
Зӯхраю Парвин бинам.
Китоб ҳамдами мост,
Беҳ аз сад ҷаҳоннамост.
З-ин рӯ гирам ба дастам,
Ҳамеша бо вай ҳастам.

пешина
аз 80
навбатӣ