Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданОҲУЯКИ МАСТИ МАН
(Шеър-чистон)
Рӯи оҳу саворам,
Аз шодӣ бол барорам,
Оҳуяки масти ман,
Майли ӯ ба дасти ман.
Ҳар ҷо хоҳам мебарад,
Мечаҳаду мепарад.
Рафтем бо ӯ ба саҳро,
Сонӣ бар лаби дарё,
Ҳар ду кардем тоз-тозӣ
Ҳар ду кардем оббозӣ...
Шом оҳу бо ман омад,
Ба ҷоғаҳам даромад.
Хаста буду «вой» нагуфт
«Танг аст ба ман ҷой» нагуфт.
Гар донӣ ин оҳу чист,
Бар ман ҷавобаш фирист.
(Пой)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё