Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хонданХОРПУШТ ВА САНҶОБ
Дар пушт халтаи дон
Хорпуштаке буд равон.
Санҷобаке ӯро дид,
Шодон ба сӯяш давид.
Гуфто: - Рафтем, ҷӯраҷон,
Назди рӯди Зарафшон.
Ғелида дар офтоб,
Худро диҳем обутоб.
Гуфт хорпушти пурзаҳмат:
- Ку вақти истироҳат?
Чанде дар тан хорам ҳаст,
Ҳамон қадар корам ҳаст.
Ханда заду гуфт Санҷоб: - Кор доштай беҳисоб.
Хорпуштаки меҳрубон,
Бирав, зи корат намон.
Чӣ хуб, ки ман Санҷобам,
Гаҳ бозиву гаҳ хобам.
На дар пуштам хор дорам,
На тоқати кор дорам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё