Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ШАҲЛО

Коре агар фармоед,
«Не» намегӯяд асло,
Ҳатто аз кори душвор
Рӯ наметобад Шаҳло.

Дидадаро, рамзфаҳм,
Духтари доно Шаҳло.
Ба меҳнатдӯстии худ
Ба дидаҳо ҷо Шаҳло.

Фаҳрида гӯяд бибиш:
– Шаҳло монандӣ худам,
Дар ҷавонӣ мисли ӯ
Духтари чаққон будам.

Падар гӯяд: – Шаҳлоҷон
Як дам бекор нашинад,
Умракаш шавад дароз,
Дасташ дардро набинад.

Аммо аз Гулрӯи танбал
Норозӣ хурду калон,
«Ин ба кӣ рафта бошад»
Гуфта мешаванд ҳайрон.

пешина
аз 80
навбатӣ