Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БО ҲУСНИ ДЕҲ МЕНОЗАМ

Деворҳои деҳа
Аз ғулбеду шамшод аст,
Номи деҳи тағоям
Деҳаи Дарёбод аст.

Роҳи деҳа дароз аст,
Аз ду фарсах зиёда,
Вале хоҳам ба он ҷо
Доим равам пиёда.

Роҳи дарози деҳа
Аҷаб манзара дорад,
Киштҳои ҳосилхез,
Боғоти сара дорад.

Раҳравон аз ҳусни деҳ
Мефахраму менозам,
Дил мехоҳад сароям
Бо тамоми овозам.

пешина
аз 80
навбатӣ