Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданҶӮРАҲО
Рақами «Як» танҳо буд,
Дар дафтари Барно буд.
Рӯи сафҳаи холӣ
«Як» буд дар аҷаб ҳоле:
Танҳо дар рӯи варақ,
Меларзид дарак-дарак.
Ӯ бекасу бе ҳамроҳ
Ҳар лаҳза мекашид оҳ.
Бо кӣ кунам гуфт бозӣ?
Хандаю сарфарозӣ?
Хуб шуд, ки Барно омад
Ба танаш ҷон даромад.
Пушти «Як» навишт Барно
Панҷ сифри гирду зебо.
Он лаҳза «Як» бо ёрон
Бар дида шуд намоён.
Шуд рангу бораш дигар
Фахру виқораш дигар.
Акнун ӯ буд дар қатор
Чун аскари парчамдор,
Зеро «Як» он «Як» набуд,
Току танҳояк набуд.
Бо ҷӯраҳои бисёр,
«Як»-и мо шуд Садҳазор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё