Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

КӯдаконАдабиётШеър
Аз аввал хондан

МАНЗАРА

Дар байни сабзазорон
Се дона лола рӯйид,
Бузғола тозон омад,
Онҳоро диду... бӯйид.

Маймуне бачаашро
Кард ба пушташ савор.
Пар мехоҳад кушодан,
Ҷӯҷаи мурғи чипор.

Хирсаке аз панҷара
Каллаи худ бурун кард,
Аммо надонад, чӣ сон
Онро бояд дарун кард.

Харгӯшак инро дида,
Ханда занад қоҳ-қоҳ,
Ғелида рӯи сабза
Кулчача меравад роҳ.

Хоҳад давидан оҳу,
Вой, варо пой нест.
Пойи варо чун кашам?
Дар варақам ҷой нест.

пешина
аз 80
навбатӣ