Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ТОҚАХӮР

Ҳарфе нагуфта Салмо
Гузашт аз паҳлӯи мо.
Ранҷида бошад чаро?
Бад дида бошад киро?

Дирӯз баъди бозӣ,
Аз мо бирафт розӣ.
Бо вай чӣ ин саҳар шуд,
Авзои вай дигар шуд?

Нотоб гашта бошад?
Бехоб гашта бошад?
Ман аз паяш давидам,
Наздики ӯ расидам,

Бинам: дугонаи мо,
Дар пушти хонаи мо,
Писта шикаста мехӯрд,
Танҳо нишаста мехӯрд.

пешина
аз 80
навбатӣ