Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

КӯдаконАдабиётШеър
Аз аввал хондан

САЛОМ

Саҳар бихезам зи хоб,
Пештар аз офтоб.
Аввал шуста дасту рӯ,
Шона занам ман ба мӯ.
Сонӣ, ду даст пеши бар
– Салом, – гӯям ба модар.
Бигӯям аз дилу ҷон
– Салом, салом, бибиҷон.
– Бобо, салом, – бигӯям,
– Додо, салом, – бигӯям.
Ҳар гаҳ ба мактаб оям,
Шодӣ зи дил намоям,
– Салом, – бигӯям шодон
Бар ҳамаи устодон.

пешина
аз 80
навбатӣ