Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданДУХТАРАКИ БОЗИНГАР
- Ин духтар парӣ бошад?
Ё кабки дарӣ бошад? - Не, не.
- Як пораи моҳ аст ин?
Чароғаки роҳ аст ин? - Не, не.
- Товуси Боғи Тилост?
Ё аз Боғи Дилкушост? - Не, не...
- Рӯи саҳна шуд давон.
Оҳуяки Мӯлиён? - Не, не.
- Гулмоҳии Варзоб аст?
Шамолаки Яғноб аст? - Не, не.
- Маликаи хубон аст,
Аз деҳи Зарафшон аст? - Не, не.
- Дилҳоро бурд ба як бор,
Ин бозигар аз Ҳисор? - Не, не.
- Нозу адояш ширин,
Як шоҳаи набот ин? - Не, не.
- Пас гӯед ин духтар кист?
Духтари бозигар кист? - Номи духтар Фаттона
Аз деҳи Кафтархона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё