Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БЕҲУНАР

Пеш аз ҳама аз хобаш
Нонводухтар мехезад,
Дасту рӯяшро шуста
Аввал ӯ орд мебезад.

Бо хаёли шеъри нав,
Шоира хезад аз хоб,
Духтараки шоҳибоф
Сӯи кор созад шитоб.

Духтараки донишҷӯ
Китоб хонад аз саҳар,
Зардӯзи моҳир ба шавқ
Медӯзад тоқии зар.

Лек духтари беҳунар
Ҳайрон аст ба чӣ кӯшад,
Сақич харад аз бозор
Сари кӯча фурӯшад.

пешина
аз 80
навбатӣ