Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

КИШТИЧА

Шино кун, шино
Киштичаи ман!
Рӯ-рӯи дарё,
Киштичаи ман!

Мову ту равем,
Ба ҷоҳои дур,
Саёҳат кунем
Саёҳати зӯр.

Аввал биравем
Ба шаҳри Хуҷанд,
Сонӣ – Бухоро
Сонӣ – Самарқанд!

Киштичаи ман,
Чӣ гап шуд туро?
Кам шавад, чаро
Обаки дарё?

Бехуда набуд
Дилакам ҳиҷил:
Сӯрохӣ доштаст
Дар тагаш сатил!..

пешина
аз 80
навбатӣ