Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Лентаи ранга ёфта,
Кокулчаҳоро бофта,
Куртаҳои нав ба бар,
Тоқиҳои нав ба сар.
Дастархону халтатӯр
Аз тӯҳфаҳо карда пур,
Меравем давон-давон
Ба ҳавлии бибиҷон.
Ҳавлияки бибиҷон
Пур мешавад аз меҳмон.
Охир, мо даҳ нафар не.
Ҳатто понздаҳ нафар не.
Мо шаст нафар набера,
Чилу дуто абера,
Сию сето чабера,
Бисту якто кабера.
Бибиҷони меҳрубон
Пир не, тамоман ҷавон.
Вақти гулаки лола
Нав мешавад садсола.

пешина
аз 80
навбатӣ